36-сола ва мутахассиси андозбандӣ. Ректори Донишгоҳи молияву иқтисод кӣ шуд?

Имрӯз, дар идомаи тағйироти кадрӣ Ҳакимбек Абдуалимзода, ки то ин дам ба унвони муовини ректори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор мекард, ректори инниҳод таъин шудааст. Дар ин бора Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Абдуалимзода ба ҷойи Шукрулло Хайрзода таъин шуд, ки дувумӣ инрӯз бо қарори раиси ҳукумат муовини вазири мавориф ва илми кишвар таъин шуд. […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, дар идомаи тағйироти кадрӣ Ҳакимбек Абдуалимзода, ки то ин дам ба унвони муовини ректори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор мекард, ректори инниҳод таъин шудааст. Дар ин бора Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Абдуалимзода ба ҷойи Шукрулло Хайрзода таъин шуд, ки дувумӣ инрӯз бо қарори раиси ҳукумат муовини вазири мавориф ва илми кишвар таъин шуд.

Гуфта мешавад, ки Ҳакимбек Абдуалимзода номзади илмҳои иқтисодӣ буда, аз январи соли 2020 ҳамчун муовини ректори ин донишгоҳ фаъолият мекард.

Ӯ зодаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон буда, соли 2006 ришати  андозу андозбандии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро  хатм кардааст.

Абдуалимзода аз соли 2006 то соли 2011 дар кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон фаъолият карда, моҳи ноябри соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Асосҳои назариявии бехатарии берунииқтисодӣ дар шароити иқтисоди кушод ва гузариш (дар мисоли ҶТ)» ҳимоя намудааст.

Ӯ солҳои 2014-2018 мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ ва солҳои 2018-2020 декани факултети молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон будааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ муаллифи беш аз 25 асари илмию методӣ буда,  оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.