“Тоҷикфилм” дар вилояти Хатлон студия таъсис дод

Аз аввали соли 2022 дар заминаи шуъбаҳои истеҳсоли филмҳо ва техникӣ дар назди раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Хатлон студияи “Хатлонфилм” таъсис дода шуд. Бино ба иттилои сомонаи “Тоҷикфилм”, мақсад аз ин ибтикор боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти эҷодию истеҳсолии муассиса дар вилоят буда, минбаъд имконият фароҳам меояд, ки аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, маконҳои […]

Аз аввали соли 2022 дар заминаи шуъбаҳои истеҳсоли филмҳо ва техникӣ дар назди раёсати Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар вилояти Хатлон студияи “Хатлонфилм” таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои сомонаи “Тоҷикфилм”, мақсад аз ин ибтикор боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти эҷодию истеҳсолии муассиса дар вилоят буда, минбаъд имконият фароҳам меояд, ки аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, маконҳои табии сайёҳӣ, расму оин ва санъати миллӣ, ҷашну маросимҳои аҷдодӣ ва табиати тароватбахши вилояти Хатлон филмҳои ҳунарӣ, мустанад ва лавҳаҳо омода карда шаванд.

Ҳамчунин, ҳайати эҷодию техникии студияи “Хатлонфилм” тасмим доранд, ки вобаста ба имконоти мавҷуда ба наворбардории филмҳои ҳунарӣ, ки дар онҳо ғояҳои ватандӯстию хештаншиносӣ ва тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеъа ба хусус наврасону ҷавонон тараннум мегарданд, машғул шаванд.

Илова бар ин, студияи “Хатлонфилм” омода аст, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида филмҳои фармоишӣ таҳия ва пешниҳод намояд.

Гурӯҳи эҷодӣ тибқи нақшаи кории худ ба таҳияи филмномаи шаҳри қадимаи “Тахти сангин”, ки чанде пеш бо ташаббуси фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мероси ғайримоддии башарият аз ҷониби муассисаи СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО пазируфта шуд, машғул мебошанд.

Дар ин баробар кормандони студияи навтаъсис аз рӯи филми мустанади илмӣ-оммавии “Бешаи палангон” низ фаъолият намуда, ният доранд, ки ҳамаи ҷанбаҳои онро фаро бигиранд.

Қобили зикр аст, ки ба гурӯҳи эҷодиву техникии студияи номбурда ҷавонони болаёқату мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб карда шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.