Як корманди ҳукумати Исфара, ки аз тири неруҳои қирғиз захмӣ шуда буд, пас аз ду ҷарроҳӣ, баъди 24 рӯз ба ҳуш омад

Баъди наздик ба як моҳи ҷароҳат бардоштан аз тири неруҳои Қирғизистон ва паси сар кардани чанд амалиёти ҷарроҳӣ вазъи саломатии Искандар Шафеъиён, корманди ҳукумати Исфара рӯ ба беҳбуд овардааст. Субҳи 23-уми феврал аз Беморхонаи марказии шаҳри Исфара гуфтанд, ки Шафеъиён ба ҳуш омада, гап мезанад ва ҳамсуҳбаташро мешиносад. Искандар Шафеъиён, мудири шуъбаи ташкилӣ ҳамроҳ боНекзод […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Баъди наздик ба як моҳи ҷароҳат бардоштан аз тири неруҳои Қирғизистон ва паси сар кардани чанд амалиёти ҷарроҳӣ вазъи саломатии Искандар Шафеъиён, корманди ҳукумати Исфара рӯ ба беҳбуд овардааст. Субҳи 23-уми феврал аз Беморхонаи марказии шаҳри Исфара гуфтанд, ки Шафеъиён ба ҳуш омада, гап мезанад ва ҳамсуҳбаташро мешиносад.

Искандар Шафеъиён, мудири шуъбаи ташкилӣ ҳамроҳ боНекзод Хоҷазода, масъули комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва Абдулатиф Шарипоф, ронандаи беморхонаи марказии шаҳри Исфара, шаби 27-уми январ дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҳадафи тирборони нерӯҳои қирғиз қарор гирифтанд. Ронанда дар ҷойи ҳодиса, дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ба ҳолокат расид ва ду корманди ҳукумати Исфараро бо бардошти ҷароҳати вазнин дар беморхона бистарӣ карданд.

Тайибиддин Мухаммедов, сардухтури Беморхонаи шаҳри Исфара субҳи 23-уми феврал дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, бо гузашти 24-рӯзи беҳушӣ Искандар Шафеъиён ба ҳуш омад. Вай гуфт, ин корманди ҳукумати Исфара ду амалиёти ҷарроҳиро паси сар кард ва ҳоло вазъи саломатияш рӯ ба беҳбуд аст. Амалиёти ҷарроҳӣ асосан дар қисмати шикам ё худ узвҳои ҳозима гузаронида шудааст. 

“Вазъи саломатияшон хело хуб, баъди 24 рӯзи ҳолати беҳушӣ ба худ омаданд. Ба саволҳо ҷавоб медиҳанд, гуфтугузор мекунанд хӯрок мехӯранд ҳамаро мешиносанд. Ҳолаташон дуруст шуда истодааст”.-гуфт, сардухтури Беморхонаи шаҳри Исфара.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Муҳиддинов рӯзи 21-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки вазъи саломатии Искандар Шафеъиён вазнин боқӣ мемонад ва зери назорати доимии духтурони ботаҷриба қарор дорад.

Вай гуфт, дар ҷисми ӯ ду амалиёти ҷарроҳии муштарак, ки аз зарби тир ҷароҳати вазнин бардошта буд гузаронида шуд. Ҳаббибулло Муҳиддинов афзуд, нияд доранд дар сурати беҳтар шудани вазъи саломатӣ Шафеъиёнро барои идомаи табобат ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд интиқол диҳанд.

Яке аз пайвандони Искандар Шафеъиён бидуни зикри ном дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, вазъи ӯ беҳтар шудааст ва ҳамаи кӯмакҳои вобаста ба табобаташро аз мақомоту духтурон дарёфт карда истодаанд. Вай гуфт, худи Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара назорати табобати ин корманди зери дасташро дар ихтиёр дорад.

Дар натиҷаи даргириҳои хунини шаби 27-уми январ дар марзи Исфара бо Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон 10 тан захмӣ ва 2 кас кушта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.