Машқҳои тактикии густардаи низомиёни рус дар ҷануби Тоҷикистон

Зиёда аз 1 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзҳои 14-18 март дар тамринҳои низомӣ дар машқгоҳи Ҳарбмайдон иштирок мекунанд. Тавре ки дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия хабар медиҳад, тамринҳои низомии тактикӣ дар се марҳила баргузор мешаванд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни марҳилаи асосӣ хизматчиёни ҳарбӣ маҳорату малакаҳо оид ба баргузории […]

Asia-Plus

Зиёда аз 1 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзҳои 14-18 март дар тамринҳои низомӣ дар машқгоҳи Ҳарбмайдон иштирок мекунанд.

Тавре ки дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия хабар медиҳад, тамринҳои низомии тактикӣ дар се марҳила баргузор мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни марҳилаи асосӣ хизматчиёни ҳарбӣ маҳорату малакаҳо оид ба баргузории амалиёти ба иҳота гирифтан ва маҳви гуруҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳро мавриди омӯзиш ва таҷриба қарор медиҳанд.

Дар марҳилаи хотимавии тамринҳо роҳу воситаҳои муқовимат зимни ҳамлаи гуруҳҳои иктишофӣ, гузаштан аз макони зарарнок (сироятшуда) ва барқарор намудани иқтидорӣ ҷангӣ омӯхта ва дар таҷриба санҷида мешаванд.

Ба ин тамринҳо сафарбарии зиёда аз 300 адад силоҳу муҳимоти ҳарбӣ ва махсус бо ҷалби чархболҳои ҳарбӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2004 дар заминаи дивизияи тирандози ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қарордошта таъсис дода шуд. Ин пойгоҳ бузургтарин ҷузъу томи Неруҳои ҳарбии Русия дар берун аз ҳудуди ин кишвар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.