Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи мубориза ба амалҳои терроризми ядроиро ба тасвиб расонд

Имрӯз, 30 март, вакилони парлумони Тоҷикистон Муоҳадаи (конвенсия) байналмилалии марбут ба мубориза бо амалҳои тероризми ядроиро, ки Тоҷикистон ба он моҳи сентябри соли 2005 ҳамроҳ шуда буд, ба тасвиб  расониданд.  Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода дар шарҳи тасдиқи муоҳада дар ҳузури вакилон гуфт, ки тасвиби он дар асоси муроҷиати муовини дабари кулли […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 30 март, вакилони парлумони Тоҷикистон Муоҳадаи (конвенсия) байналмилалии марбут ба мубориза бо амалҳои тероризми ядроиро, ки Тоҷикистон ба он моҳи сентябри соли 2005 ҳамроҳ шуда буд, ба тасвиб  расониданд. 

Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода дар шарҳи тасдиқи муоҳада дар ҳузури вакилон гуфт, ки тасвиби он дар асоси муроҷиати муовини дабари кулли СММ ба раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон барои анҷом додани расмияти дохилӣ сурат гирифтааст.

Ӯ афзуд, ки ҳадафи қабули конвенсия дар маҷмӯъ, нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалии рушди муносибатҳои ҳамсоягии нек, дӯстона ва ҳамкори байни давлатҳо мебошад.

– Дар ин росто давлатҳои шомили муоҳада муваззаф гардидаанд, ки барои таъмини ҳифзи маводҳои радеактивӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ тамоми чораҳоро меандашанд, -гуфт Камолзода.

Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон Рустам Шоҳмурод дар суҳбат бо хабарнигорон зарурати имрӯзаи тасдиқи конвенсияро иҷро шудани расмиёти он аз ҷониби Тоҷикистон ва мутобиқ намудани қонунгузории Тоҷикистон ба он арзёбӣ кард.

Ӯ ҳамчунин, зимни муаррифии тасдиқи муоҳада гуфт, ки ҳадафи асосии моҳада муайян намудани кирдорҳои ҷинотяии алоқаманд бо маводҳои ҳастаӣ, ва бо ин мақсад амалӣ намудани ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои дар конвенсия пешбинишуда, аз ҷумла бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои алоқаманд бо терроризми ядроӣ, анедашидани ҷораҳо вобаста ба таъмини ҳифзи маводи радиактивӣ, муқарар карадани ҷавобгарии ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии давлатҳои иштирокчӣ вобаста ба тафтишот, таъқиби ҷинотяӣ ё расмиёти супоридани ҷинотякорон мебошад.

Рустам Шоҳмурод тасдиқ намуд, ки конвенсия мустақилияти давлатҳои аъзои онро дар пешгирии ҷиноятҳои алоқаманд ба терроризми ядроӣ, санҷиши пешакӣ ва тафтишоти ин кирдорҳоро маҳдуд наменамояд.

Гуфта мешавад, ки то имрӯз, 117 давлат ба Конвенсияи байналмилалӣ дар робита ба мубориза ба амалҳои тероризми ядроӣ  ҳамроҳ шуда, 82 давлат онро ба тасвиб расонидаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.