Чин ҳам дипломатҳои моро пазируфт: изҳороти вазири хориҷаи Толибон

Вазорати хориҷаи Толибонэълом кардааст, ки Чин дипломатҳои ин гурӯҳро барои сафорати Афғонистон дар Чин пазируфтааст. Ба гуфтаи ин ниҳод диломатҳои Толибон дар шаҳри Пекин во ба ҷо шудаанд. Аз ин пеш Русия аз додаyи эътиборнома ба нахустини дипломати "Толибон" хабар дода буд. Амирхони Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, имрӯз, 4-уми апрел дар як гуфтугӯ бо шабакаи […]

admin

Вазорати хориҷаи Толибонэълом кардааст, ки Чин дипломатҳои ин гурӯҳро барои сафорати Афғонистон дар Чин пазируфтааст. Ба гуфтаи ин ниҳод диломатҳои Толибон дар шаҳри Пекин во ба ҷо шудаанд.

Аз ин пеш Русия аз додаyи эътиборнома ба нахустини дипломати "Толибон" хабар дода буд.

Амирхони Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, имрӯз, 4-уми апрел дар як гуфтугӯ бо шабакаи CGTN гуфтааст, ки  дар равобити ин гурӯҳ бо Чин пешрафтҳои зиёде ба мушоҳида мерасад. 

Ба гуфтаи Муттақӣ, пазируфтани дипломатҳои Толибон дар Пекин, мусоид шудани заминаҳо барои содироти маҳсулоти Афғонистон ба Чин, баргузории нишастҳо, аз ҷумла нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон нишонаи нияти хуби Чин аст.

Ӯ гуфтааст, ки Чин аз кишварҳои дигар ҳам даъват кардааст, ки дар Афғонистон сармоягузорӣ кунанд. 

Муттақӣ иддао кардааст, ки "мо ДОИШ-ро контрол кардаем ва бо омадани мо ДОИШ натавонист кадом ҳамлае анҷом диҳад ва мо марзҳои кишварро низ контрол кардем".

То кунун ҳеч кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст ва танҳо  теъдоди ангуштшумори кишварҳо дипломатҳои Толибонро пазируфтаанду халос. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.