Қурби рубл дар Тоҷикистон тайи рӯзҳои ахир 10% боло рафт

Қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбат ба рубли Русия тайи ду рӯзи ахир ба андозаи 9,5% поин рафт. Тибқи қурби расмии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз, 8 апрел 1000 рубли Русия ба 163,4 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта, 5 апрел он 149,2 сомониро ташкил медод. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбат ба рубли Русия тайи ду рӯзи ахир ба андозаи 9,5% поин рафт.

Тибқи қурби расмии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз, 8 апрел 1000 рубли Русия ба 163,4 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта, 5 апрел он 149,2 сомониро ташкил медод.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар бетағйир (12,50 сомонӣ барои 1 доллар) боқӣ монда, дар баробари евро ба миқдори начандон назаррас (аз 13,76 сомонӣ то ба 13,64 сомонӣ) боло рафт.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки қурби рубл дар баробари сомонӣ дар пасманзари устувор шудани асъори Русия нисбат ба доллар боло меравад.

Имрӯз, 8 апрел, 1 доллар ба 76,25 рубл баробар буда, ҳанӯз охири моҳи март доллар аз 100 рубл қиматтар буд (10 март – 121,5 рубл барои 1 доллар). Ба ин тариқ, қурби рубл ба сатҳи то амалиёти низомӣ дар Украина расид.

Ба хеле зуд ва дилпурона устувор шудани рубл ба андешаи коршиносон, афзоиши содироти Русия дар пасманзари поинравии воридот ва ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои шадид барои хариди асъор мусидат менамояд.

“Аз охири моҳи феврал содиркунандагон уҳдадоранд, ки 80%-и даромад бо асъорро фурӯшанд, нархи ашёи хом бошад, дар ҳоли афзоиш аст. Дар ҳамин ҳол, воридот коҳиш ёфта, хориҷиён ба бозори асъор дастрасӣ надоранд ва хариди асъори нақд барои аҳолӣ манъ шуда, дар биржа онро метавон танҳо бо комиссияи 12% харидорӣ намуд”, – хабар медиҳад The Bell.

Қобили зикр аст, ки қурби рубл барои оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки саробонашон дар Русия кор мекунанд, хеле муҳим аст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, аз соли 2016 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои интиқол бо рубли Русия дар бонкҳои ҷумҳурӣ танҳо бо арзи миллӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешаванд.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2021 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар маблағ фиристодаанд, ки 95%-и он бо рубл фиристода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.