Ба Тоҷикистон тавсия доданд, ки аз гирифтани қарзҳои гарон худдорӣ кунад

Созмону ниҳодҳои молиявии мададрасон ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки аз ҷалби қарзҳои бидуни имтиёз худдорӣ кунад, зеро кишвар дар минтақаи хавфи баланди буҳрони пардохти қарз қарор дорад. Дар “Гузориши рушди Осиё 2022”-и Бонки осиёии рушд (БОР гуфта мешавад, таҳлили муштараки устувории қарз, ки аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор гузаронида шуд, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Созмону ниҳодҳои молиявии мададрасон ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки аз ҷалби қарзҳои бидуни имтиёз худдорӣ кунад, зеро кишвар дар минтақаи хавфи баланди буҳрони пардохти қарз қарор дорад.

Дар “Гузориши рушди Осиё 2022”-и Бонки осиёии рушд (БОР гуфта мешавад, таҳлили муштараки устувории қарз, ки аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор гузаронида шуд, нишон дод, ки ҳам дар қарзи хориҷӣ ва ҳам қарзи давлатӣ хавфи баланди пардохти қарз вуҷуд дорад.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 таносуби қарзи давлатӣ (ҳаҷми умумии қарзи дохилӣ ва хориҷӣ)-и Тоҷикистон нисбат ба ММД-и кишвар ба 43,8% расид.

Зикр мешавад, ки 87%-и қарзи давлатии Тоҷикистонро қарзҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Хавфи баланди буҳрони пардохти қарз ба омилҳое чун касри доимии буҷети кишвар, истифодаи зиёди қарзҳои бидуни имтиёз, аз ҷумла 500 млн доллари соли 2017 аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои молиявии байнулмилалӣ дастрасшуда бо меъёри 7,12%, рабт дода мешавад.

Ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки минбаъд аз ҷалби чунин қарзҳои гарон худдорӣ кунад.

Мувофиқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар гуруҳи кишварҳои сатҳи даромадашон паст (low income economies) қарор дорад, ки дар он ММД ба ҳар сари аҳолӣ – камтар аз 1026 доллар аст. Ба ин гуруҳ асосан кишварҳои африқоӣ шомиланд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2020 ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 885 долларро ташкил дод. Тоҷикистон ягона кишварест дар паҳнои пасошӯравӣ, ки то ҳол дар гуруҳи ин кишварҳо боқӣ мондааст.

Коршиносони БОР интизорӣ доранд, ки таносуби қарзи давлатии Тоҷикистон нисбат ба ММД дар соли 2027, ки қарзҳо аз евробондҳо пардохта мешаванд, ба эътидол меояд.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Чин мебошад, ки зиёда аз се як ҳиссаи қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ба он рост меояд.

Ҳамчунин Тоҷикистон дар ҳаҷми начандон зиёд ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Хазинаи байнулмилалии асъор қарздор аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.