Тоҷике, ки ҳангоми фирор аз Укроин ба ҳалокат расид, зодаи ВМКБ будааст

Ёдалӣ Муборакшоеви 62- сола, тоҷике, ки ҳамроҳи ҳамсари уrроиниаш Татяна Муборакшоева, ҳангоми фирор аз вилояти Донетск дар минтақаи Харков ба садама дучор шуда ба ҳалокат расид, зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон будааст. Сафири Тоҷикистон дар Укроин Давлаталӣ Назризода хабари ҳалокати зодаи Тоҷикистонро тасдиқ намуд ва гуфт, ки намояндаи сафорат дирӯз, 13 апрел зимни бахоксупории зану […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ёдалӣ Муборакшоеви 62- сола, тоҷике, ки ҳамроҳи ҳамсари уrроиниаш Татяна Муборакшоева, ҳангоми фирор аз вилояти Донетск дар минтақаи Харков ба садама дучор шуда ба ҳалокат расид, зодаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон будааст.

Сафири Тоҷикистон дар Укроин Давлаталӣ Назризода хабари ҳалокати зодаи Тоҷикистонро тасдиқ намуд ва гуфт, ки намояндаи сафорат дирӯз, 13 апрел зимни бахоксупории зану шавҳар ширкат дошт.

Гуфта мешавад, ки ҷасади Ёдалӣ Муборакшоев ва Татяна Муборакшоеваро рӯзи 13-уми апрел дар деҳаи Козелетсии вилояти Черниҳови Укроин дафн карданд. Садама 9-уми апрел ҳангоме рух додааст, ки дар маҳалли ҳаракати онҳо тирпарронӣ шиддат гирифтааст.

Назризода афзуд, ки Ёдалӣ Муборакшоев аз соли 1994 дар Донетск зиндагӣ мекард ва шаҳрвандии Укроинро дошт.

– Онҳо соҳиби ду фарзанд будаанд. Аз рӯзи ҳодиса бо наздиконаш тамос доштем, – гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, наздик ба 3 ҳазор тоҷики муқими Укроин то кунун аз ин кишвар берун шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози даргириҳои мусаллаҳона миёни Русия ва Украина, ки 24 феврали соли равон шурӯъ шуд, аллакай, дар бораи кушта шудани чанд зодаи Тоҷикистон ва фарзандони муҳоҷирони тоҷик аз ҳарду тараф хабарҳо мерасад. Мақомоти расмии Русия ва Тоҷикистон дар ин бора чизе намегӯянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.