“Ош каду”-и тоҷикӣ заминҳои кишти Ӯзбекистонро фаро мегирад

Дар заминҳои кишти Ӯзбекистон ба парвариши якчанд навъи кадуи тухмипарварони тоҷик шурӯъ карданд. Тавре ки дар сомонаи расмии Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон хабар дода мешавад, Ӯзбекистон бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ якчанд навъи кадуи тухмипарварони тоҷикро, ки ҳосили баланд медиҳад, ба кишвар ворид намуда, парвариши он дар хоҷагиҳои ин кишвар пешбинӣ мешавад. Гуфта мешавад, имрӯз ин […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар заминҳои кишти Ӯзбекистон ба парвариши якчанд навъи кадуи тухмипарварони тоҷик шурӯъ карданд.

Тавре ки дар сомонаи расмии Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон хабар дода мешавад, Ӯзбекистон бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ якчанд навъи кадуи тухмипарварони тоҷикро, ки ҳосили баланд медиҳад, ба кишвар ворид намуда, парвариши он дар хоҷагиҳои ин кишвар пешбинӣ мешавад.

Гуфта мешавад, имрӯз ин тухмиҳо дар хоҷагиҳои пешрафтаи тухмипарварӣ кишт шуда, онҳо мавриди озмоиш ва нашъунамояшон дар шароити гуногуни иқтлимиву хокӣ санҷида мешавад.

Аз ҷумла, ба хоҷагии тухмипарварии “Мингбӯлоқ”-и вилояти Намангон тухмии кадуҳои навъи «Лагмани», «Ленинабадская», «Одесская», «Ош каду», «Атлас каду», «Сурх каду» оварда шудааст.

Ҳадафи асосӣ зиёд кардани тухмӣ ва дар оянда бо тухмии кадуи арзону хушсифат таъмин намудани агрокластерҳо, деҳқонон ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ мебошад.

Дар хоҷагиҳои тухмипарварии пешрафтаи вилояти Сурхонарё низ чунин корҳо роҳандозӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки зимни сафари расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 дар доираи шиносоӣ бо маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд дастур дода шуд, ки ҷиҳати парвариши каду аз навъҳои тухмии Тоҷикистон байни Вазоратҳои кишоварзии ҳарду кишвар ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.