Пентагон: бо арзиши 7 миллиард доллар таҷҳизоти низомӣ дар дасти “Толибон” боқӣ монд

Вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки таҳҷизоти низомии ин кишвар ба арзиши ҳафт миллиард доллар  дар Афғонистон боқӣ мондаанд. Шабакаи хабарии CNN дар як гузориш бо такя ба Пентагон нигоштааст, ки ин таҳҷизот дар ҷараёни шонздаҳ соли гузашта ба Афғонистон интиқол ёфта буданд. Дар ин гузориши CNN омадааст, ки Амрико аз соли 2005 то соли 2021 ба […]

Asia-Plus

Вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки таҳҷизоти низомии ин кишвар ба арзиши ҳафт миллиард доллар  дар Афғонистон боқӣ мондаанд. Шабакаи хабарии CNN дар як гузориш бо такя ба Пентагон нигоштааст, ки ин таҳҷизот дар ҷараёни шонздаҳ соли гузашта ба Афғонистон интиқол ёфта буданд.

Дар ин гузориши CNN омадааст, ки Амрико аз соли 2005 то соли 2021 ба арзиши 18,6 миллиард доллар таҳҷизоти низомиро ба неруҳои амниятӣ ва дифоиии Афғонистон кӯмак кардааст, ки пас аз берун шудани ИМА аз Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, ба арзиши  7 миллиард доллар таҳҷизоти низомӣ дар ин кишвар барҷо мондааст, ки ба дасти "Толибон" афтодаанд. 

Дар ин гузориш аз ҷумла сухан дар бораи 78 тайёра, 40 ҳазор василаи нақлиёти низомӣ, аз ҷумла 12 ҳазор мошини  низомиву ҷангии HMMWV, бештар аз 300 ҳазор ҷангафзор, муҳимоти вижа ба арзиши  47 миллион доллар, дурбинҳои шаббин, системаи биометрик ва воситаиҳои пок кардани минаҳо, пас аз хориҷ шудани амрико дар Афғонистон боқӣ мондаанд.

Толибон гуфтаанд, ки аз ин пас ин таҳҷизот барои дифои  Афғонистон истифода мешаванд. 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати "Толибон" гуфтааст, ки ин таҳҷизот "ба хотири куштори мардуми Афғонистон ба ин ҷо интиқол ёфта буданд ва ҳоло моликияти Афғонистон шудаанд ва пас аз ин  ин таҳҷизоту аслиҳаҳо ба хотири дифо аз Афғонистон истифода мешаванд".

ИМА ва кишварҳои муттаҳидаш, апс аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр дар Амрико, ҳафтуми октябри соли 2001 ба Афғонистон ҳуҷум оварданд ва дар ду даҳҳа дар ин кишвар ҳузур доштанд, ки дар пайи ба имзо расидани тавофуқномаи 2020 дар Давҳаи Қатар моҳи августи соли 2021 Афғонистонро тарк карданд ва ба гуфти Ҷо Байден дарозтарин ҷанги Амрико дар хориҷ аз кишвараш поён ёфт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.