Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт. Дар ҷаласаи СПАД ширкат мекунад

Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба шаҳри Маскави Русия сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад.  Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав дар вохӯрии сарони кишварҳои СПАД ба ифтихори 30-солагии ин имзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси СПАД ширкат кунад. Дар ин  дидор, ҳамчунин раисони […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба шаҳри Маскави Русия сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад. 

Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав дар вохӯрии сарони кишварҳои СПАД ба ифтихори 30-солагии ин имзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси СПАД ширкат кунад.

Дар ин  дидор, ҳамчунин раисони ҷумҳуриҳои Қазоиқистон Қосимҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Белорус Александр Лукашенко, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин ширкат кунанд. 

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти сафар маълумот надодааст. Гуфта нашудааст, ки мулоқоти дуҷонибаи раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтоҳояш дар СПАД дар назар ҳаст ё не.

Аммо расонаҳои русӣ хабар додаанд, ки пас аз нишасти сарони СПАД Владимр Путин бо шуморе аз сарони кишварҳои узви СПАД гуфтушунидҳо хоҳад дошт. 

Дар назар аст, ки аъзои Шӯрои амнияти дастаҷамии СПАД вазъи минтақаи масъулияти созмон, рушди ояндаи онро баррасӣ кунанд ва дар нашри Изҳороти ҷашнии СПАД ширкат кунанд. 

Дар соли 2022 садорати СПАД ба Арманистон дода мешавад. 

Паймони амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид. Баъдан Узбекистон аз узвияти ин созмон берун рафт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.