Як қадам то медали тилло: Шоира Зулқайнарова ба даври чорякниҳоии Қаҳрамонии бокси ҷаҳон расид

Шоира Зулқайнарова, муштзанбонуи тоҷик ва намояндаи вазни – 63 кг Тоҷикистон дар рақобатҳои қаҳрамонии бокси занони ҷаҳон дар шаҳри Истанбули Туркия дирӯз муқобили варзишкори куриёӣ Чеон Хи Дун пирузӣ ба даст овард ва роҳии марҳилаи чаҳорякниҳоии ин мусобиқот шуд. Қарор аст Шоира дар ин марҳалаи чаҳорякниҳоӣ, имруз 16 май бар муқобили намояндаи Ҳиндустон Парвин Худай мубориза кунад. Аз […]

Asia-Plus

Шоира Зулқайнарова, муштзанбонуи тоҷик ва намояндаи вазни – 63 кг Тоҷикистон дар рақобатҳои қаҳрамонии бокси занони ҷаҳон дар шаҳри Истанбули Туркия дирӯз муқобили варзишкори куриёӣ Чеон Хи Дун пирузӣ ба даст овард ва роҳии марҳилаи чаҳорякниҳоии ин мусобиқот шуд.

Қарор аст Шоира дар ин марҳалаи чаҳорякниҳоӣ, имруз 16 май бар муқобили намояндаи Ҳиндустон Парвин Худай мубориза кунад.

Аз ин пеш, Шоира дар даври муқаддамотӣ бар Нура Ал-Мутаирӣ аз Кувайт пирӯз шуда буд. 

Дар сурати пирӯзӣ, Шоира метавонад корномаи Мавзуна Чориеваро такрор кунанд ва шумораи медалҳои бонувони муштзани тоҷикро аз қаҳрамонии ҷаҳон ба 2-то бирасонад.

Ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар шаҳри Синҳуандаои Чин ба даст овардааст. Ӯ дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ гирифтааст.

Варзишгари дигари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50 кило дар қувваозмоии дувумаш аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа мағлуб гашт. Руҳафзо дар даври аввал бар Айда Санталла аз Боливия пирӯз шуда буд. Мавзуна бар пайи ин, соли 2012 дар Бозищои олимпии Лондон низ медали ириныиро ба даст овард.

Қаблан дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ду варзишгари тоҷик – Сумайя Қосимова (-48 кг) ва Миҷгона Самадова (-57 кг) – ноком шуданд. Сумайя дар даври аввал қувваозмоиро ба Севда Асенова (Булғористон) бохт. Миҷгона Самадова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) шикаст хӯрд.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар шаҳри Истамбули Туркия, ки 9-уми май бо ширкати 310 варзишгар аз 73 кишвар шуруъ шуд, то рӯзи 21-уми май идома меёбад.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.

Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон соли 2001 дар шаҳри Скрэнтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бриҷтоун (Барбадос), Синҳуандао (Чин), Ҷеҷу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Удэ (Русия) мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.