Изҳороти “Азия-Плюс” дар мавриди вазъи ВМКБ

«Азия-Плюс» маҷбур аст аз нашри хабарҳои марбут ба ҳаводисе, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух медиҳанд, худдорӣ кунад. Вазъ дар маркази маъмурии ВМКБ дигарбора ҳасос шудааст. Дирӯз, 16-уми май намояндагони мардуми маҳаллӣ талош доштанд дар эътирозҳои маркази Хоруғ ҷамъ шаванд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ин кор монеъ шуданд. Дар натиҷа як кас кушта ва […]

Asia-Plus

«Азия-Плюс» маҷбур аст аз нашри хабарҳои марбут ба ҳаводисе, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух медиҳанд, худдорӣ кунад.

Вазъ дар маркази маъмурии ВМКБ дигарбора ҳасос шудааст. Дирӯз, 16-уми май намояндагони мардуми маҳаллӣ талош доштанд дар эътирозҳои маркази Хоруғ ҷамъ шаванд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ин кор монеъ шуданд. Дар натиҷа як кас кушта ва се нафари дигар захмӣ шуд. 

Мутаассифона, мо наметавонам ин ҳаводисро ба таври комил инъикос кунем, зеро ба мо хатари басташавӣ таҳдид мекунад. 

Қабл аз ин,  “Азия-Плюс” огоҳиномаи расмии Прокуратураи генералӣ ва огоҳиҳои ғайрирасмӣ аз ниҳодҳои дигарро дар мавриди он дарёфт карда буд, ки  идораи мо ҳаводиси ВМКБ-ро "якҷониба" инъикос мекунад ва "вазъи кишварро ноором месозад".

Ба «Азия-Плюс» дастур шуда буд, ки  "камбудиҳо бартараф карда шаванд", дар ғайри сурат  идораи моро хатари бастан таҳдид мекунад.

Бо дар назар гирифтани ин далел, идораи мо тасмим гирифт аз инъикос ва пӯшиши ҳаводис дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, худдорӣ кунад.

Аз ҳама хонандагони худ узр мехоҳем!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.