Миср мехоҳад дар Тоҷикистон намояндагиҳои бонкҳояшро боз кунад

Ҷумҳурии Мисри Араб мехоҳад дар Тоҷикистон намояндагиҳои бонкҳояшро боз кунад. Ин пешниҳодро ҳайати сармоягузории Миср дар мулоқот бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз кардаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ифтитоҳи намояндагиҳои бонкҳои Мисри Араб дар Тоҷикистон дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким  Холиқзода бо раиси ҳайати сармоягузорони Миср, Осама Муҳаммад Камол […]

Ҷумҳурии Мисри Араб мехоҳад дар Тоҷикистон намояндагиҳои бонкҳояшро боз кунад. Ин пешниҳодро ҳайати сармоягузории Миср дар мулоқот бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ифтитоҳи намояндагиҳои бонкҳои Мисри Араб дар Тоҷикистон дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким  Холиқзода бо раиси ҳайати сармоягузорони Миср, Осама Муҳаммад Камол  дар Душанбе баррасӣ шудааст. 

Холиқзода гуфтааст, ки дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити созгор ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.Раиси Бонки миллӣ таъкид кардааст, ки ҷалби сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ буда, роҳандозии ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мисри Араб дар самти сармоягузорӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои гуногун ва сармоягузории бахши бонкӣ ва суғурта  ба мақсад мувофиқ мебошад.

Осама Муҳаммадд Камол ҳавасмандии худро дар мавриди имкониати сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ баён кардааст.

Ҳамчунин дар ин мулоқот масъалаҳои марбут ба имконоти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин кишвар, кушодани ташкилоти суғуртавӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Миср дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.