Ҳавопаймои “Уралские авиалинии” дар хатсайри Масква-Кӯлоб аз нимароҳ баргашт. Чаро?

Ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” шаби гузашта ҳангоми парвоз дар хатсайри Масква-Кӯлоб аз нимароҳ ба кафо баргаштааст. Расонаҳои русӣ мегӯянд, Тоҷикистон ба ин ҳавопаймо иҷоза надодааст, ки дар фурудгоҳи Кӯлоб нишинад. Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтааст. Расонаҳои русӣ ба истинод ба маълумоти хадамоти Flightradar24 навиштанд, ки ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии”, ки аз самти […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” шаби гузашта ҳангоми парвоз дар хатсайри Масква-Кӯлоб аз нимароҳ ба кафо баргаштааст. Расонаҳои русӣ мегӯянд, Тоҷикистон ба ин ҳавопаймо иҷоза надодааст, ки дар фурудгоҳи Кӯлоб нишинад. Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтааст.

Расонаҳои русӣ ба истинод ба маълумоти хадамоти Flightradar24 навиштанд, ки ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии”, ки аз самти Масква ба фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб парвоз мекард аз фазои вилояти Пенза ба қафо баргардонда шуд.  Дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" низ вазъиятро шарҳ надодааст.

Хабаргузории русии “Уральский-рабочий” мегӯяд, парвоз дар хатсайри U6-8969 мебоист шаби 18-уми май аз фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав ба фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб анҷом меёфт. Манбаъ гуфтааст, аммо Тоҷикистон иҷозаи қабулро надодааст.

Аммо ба навиштаи Telegram-канали “Авиаторшина”, ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” “пас аз тақрибан як соати парвоз, вақте ки ҳавопаймо дар осмони вилояти Пенза парвоз мекард, ба қафо баргардонида шуда тақрибан соати яки шаб дар фурудгоҳи Домодедово фуруд омад. Сабаб дар он аст, ки ҳавопаймо иҷозаи вуруд шудан ба Тоҷикистонро надошт”.

Дар мавриди шумори мусофирон ва тақдири онҳо чизе гуфта нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, рӯзи 18-уми май парвози ҳавопаймоҳои дигари ширкати “Уралские авиалинии” аз шаҳрҳои Екатеринбург ва Маскав ба Кӯлоб ва бозгашт ба таври маъмулӣ сурат гирифта буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.