“Занги охир” намешавад, дарси синфҳои як 25 май тамом, дигарон то 1 июн дарс мехонанд

Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯяд, ки имсол дар Тоҷикистон ҳеч  гуна чорабиние бахшида ба хатми соли таҳсил миёни мактабхонҳо гузаронида намешавад ва баргузории ин чорабиниҳо расман манъ шудааст.  Ба гуфтаи вазорат дарсҳо барои мактабхонҳои синфи як рӯзи 25-уми май ба охир мерасанд ва донишомӯзони дигар то 1-уми июн дарс мехонанд. «Соли хониш дар мактабҳои Тоҷикистон, пас […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯяд, ки имсол дар Тоҷикистон ҳеч  гуна чорабиние бахшида ба хатми соли таҳсил миёни мактабхонҳо гузаронида намешавад ва баргузории ин чорабиниҳо расман манъ шудааст. 

Ба гуфтаи вазорат дарсҳо барои мактабхонҳои синфи як рӯзи 25-уми май ба охир мерасанд ва донишомӯзони дигар то 1-уми июн дарс мехонанд.

«Соли хониш дар мактабҳои Тоҷикистон, пас аз як ҳафта, 1 июн ба охир мерасад. Имсол дар ин рӯз дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ дарсҳо тибқи ҷадвали таълим бидуни баргузории «занги камолот ва ҷамъомади ботантана» баргузор мегарданд. Дар мактабҳои кишвар баргузории чорабиниҳо ба муносибати хатми мактаб барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 мисли солҳои пеш манъ аст», – гуфтанд дар Вазорати маориф ба "Азия-Плюс".

Дар Вазорати маориф гуфтанд, ки ба тамоми мудирони мактабҳо ва мудирони шуъбаҳои маориф ҳушдор дода шудааст, ки аз анҷоми соли хониш таҷлил накунанд ва дар ин мавзӯъ дар миёни хатмкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Бояд гуфт, ки қаблан дар Тоҷикистон  рӯзи 25-уми май ба таври анъанавӣ поёни соли таҳсил буд ва он то соли 2009 барои хатмкунандаҳо таҷлил карда мешуд, ки бо номи "Занги охир" ё "Занги камолот" маъруф буд.

24 майи соли 2016 замони вазири маориф ва илми Тоҷикистон будани Нуриддин Саид Вазорати маориф тасмим гирифт, ки ҳама гуна ҷашнҳои марбут ба оғозу анҷоми соли хониш ( “аввал” ва “охирин”) дар мактабҳо манъ карда шавад. Дар пайи ин Вазорати маорифи Тоҷикистон анҷоми соли хонишро дар соли 2021 то 15-уми июн тамдид кард, ки ин вокунишҳои зиёди волидайнро дар пай дошт. 

Дар пайи ин вокунишҳо Вазорати маориф таъйид кард, ки аз ин ба баъд дарсҳо дар Тоҷикистон барои мактабҳои миёна 1-уми июн ба охир мерасанд. 

Минбаъд аз 3 то 19-уми июн имтиҳоноти хатми мактаб ва имтиҳонҳои ҷории мактабхонҳо баргузор мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.