Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва ИМА доир гардид

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 25 май даври нуҳуми машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка доир гардид. Вохӯрӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Доналд Лу баргузор шуд. Гуфта мешавад, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 25 май даври нуҳуми машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка доир гардид.

Вохӯрӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Доналд Лу баргузор шуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, инчунин дар бахшҳои тандурустӣ, маориф ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин доир ба муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир, ҳуқуқи инсон ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки Доналд Лу як ҳайати ИМА-ро роҳбарӣ мекунад, ки аз 23 то 27 май аз Қирғизистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад. То ташриф ба Тоҷикистон ӯ аз Ӯзбекистон боздид намуда, дар идома сафар ба Қазоқистону Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.