Путин: Аврупо агар таҳримҳоро бекор кунад, мо омодаем ғалла содир кунем

Русия омодааст, дар сурати бекор шудани таҳримҳои Ғарб, ки баъди оғози ҳамла ба Украина ҷорӣ шудаанд, дар рафъи бӯҳрони ҷаҳонии ғизоӣ саҳми арзанда гузорад. Ин нуктаро президенти Русия Владимир Путин 26 май дар суҳбати телефонӣ бо сарвазири Итолиё Марио Драгӣ баён доштааст, хабар медиҳад Reuters. Раҳбарони ду давлат вазъи Украина, бӯҳрони ғизоӣ ва таъсири он […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Русия омодааст, дар сурати бекор шудани таҳримҳои Ғарб, ки баъди оғози ҳамла ба Украина ҷорӣ шудаанд, дар рафъи бӯҳрони ҷаҳонии ғизоӣ саҳми арзанда гузорад.

Ин нуктаро президенти Русия Владимир Путин 26 май дар суҳбати телефонӣ бо сарвазири Итолиё Марио Драгӣ баён доштааст, хабар медиҳад Reuters.

Раҳбарони ду давлат вазъи Украина, бӯҳрони ғизоӣ ва таъсири он ба кишварҳои фақирро баррасӣ карданд. Владимир Путин таъкид карда, ки дар сурати иҷро шудани шартҳо Русия омода аст, ғалла ва нуриҳои минералиро содир кунад.

Президенти Русия дар баробари ин ба сарвазири Итолиё кафолат додааст, ки бар асоси нархи дарҷшуда дар созишнома, газро ба он кишвар бидуни танаффус содир мекунанд.

Ҷузъиёти дигари гуфтугӯ ошкор намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.