Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон ба марзбонон: набояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз пас аз шиносоӣ бо шароити зисту хизмати афсарону сарбозон дар Комендатураи сарҳадии “Сари ғор” дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон аз Отряди сарҳадии “Ёл” дар ҳамин ноҳия ташриф овард. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити хизмат ва будубоши сарбозону афсарони ин […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз пас аз шиносоӣ бо шароити зисту хизмати афсарону сарбозон дар Комендатураи сарҳадии “Сари ғор” дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон аз Отряди сарҳадии “Ёл” дар ҳамин ноҳия ташриф овард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити хизмат ва будубоши сарбозону афсарони ин отряд дар назди ҳайати шахсӣ ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ сарвари давлат дар робита ба авзои имрӯзи ҷомеаи байналмилалӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти давлату миллатҳо сарбозону афсаронро ба иҷрои содиқонаю софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ҳидоят намуд.

Дар идома президенти кишвар бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии КДАМ ҶТ шинос шуда, зимни суҳбат бо бинокорону сохтмончиён ҷиҳати иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати муайнгардида ба истифода додани он дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, бо истифодаи мақсадноки замин дар ҶДММ “ТОҶ АГРО” шинос шуд.

Хоҷагӣ дорои 70 гектар замини обӣ буда, хоҷагидорон ҳар қитъа заминро оқилона истифода намуда, зироати гуногун кишт кардаанд, аз ҷумла 35 гектар заминро токзор, аз ҷумла ангурҳои содиротӣ ташкил медиҳад ва 13 гектари токзор навбунёд мебошад.

Дар Ҷамъият 8 гектар боғ, аз ҷумла дар 4,5 гектар зардолу ва дар 3,5 гектар себ шинонда шудааст. Кишоварзон дар байни қатори ниҳолон полезӣ кишт карда, дар кишти аввал дар майдони 13 гектар кишти пиёз гузаронида, баъди ҷамъоварии ҳосил кишти харбуза гузаронидаанд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонуии босуръати кишвар аз ҷониби ширкатии “ТОҶ АГРО” коргоҳи хурди банду басти асал бунёд гардидааст.

Масоҳати коргоҳ 160 метри мураббаъ буда, бо технологияи пешрафтаи Туркия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Хатҳои нави технологӣ имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз 2 тонна асал коркард шавад.

Сипас президенти мамлакат сардхонаи навбунёди ҶДММ “ТОҶ АГРО”-ро бо ғунҷоиши 1000 тонна мавриди истифода қарор доданд. Сардхона аз 8 ҳуҷраи нигоҳдории маҳсулот иборат буда, бо сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо технологияи нав бунёд гардидааст. Ҳоло дар сардхона зардолу, помидор, пиёз ва картошка нигоҳдорӣ мешавад.

Ҷамъият метавонад бо истифода аз ҳосили фаровони маҳсулоти истеҳсолкардаи худ бозори дохилиро бо меваю сабзавот ва полезӣ таъмин намуда, дар баробари ин содиротро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монад.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ боздид ба амал овард. Дар намоишгоҳ аз ҷониби заминистифодабарандагони ҷамъияти мазкур ва кишоварзони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, ғалладонагиҳо ва меваю сабзавот муаррифӣ карда шуд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.