Ҳизби демократи Тоҷикистон аз Рустами Эмомалӣ хост ба қазияи Далери Имомалӣ расидагӣ кунад

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон  бо нашри як муроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хост, ки ба қазияи рӯзноманигор ва блогнависи мустақил расидагӣ кунад.  Дар ин муроҷиатнома, ки дар саҳфаи фейсбукии раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода нашр шудааст, дархост мешавад, ки омилони қазияи лату кӯби Далери Имомалӣ дар мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансури […]

Asia-Plus

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон  бо нашри як муроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хост, ки ба қазияи рӯзноманигор ва блогнависи мустақил расидагӣ кунад. 

Дар ин муроҷиатнома, ки дар саҳфаи фейсбукии раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода нашр шудааст, дархост мешавад, ки омилони қазияи лату кӯби Далери Имомалӣ дар мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ошкор ва муҷозот шаванд.

Дар муроҷиатномаи ҲДТ омадааст, ки мавзуи боздошт ва лату кӯби блогер ва хабарнигори тоҷик Далери Имомалӣ аз тарафи гурӯҳи номуайяни кормандони мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар миёни ҷомеа гуфтугӯ ва норизоии аҳли фарҳангро ба вуҷуд овардааст.

"Албатта чунин тарзи муносибат бо мардуми ҷомеа, бахусус хабарнигорон ва қаламкашон ҳар касеро нороҳат ва норизо гардонда метавонад",-омадааст дар ин муроҷиатнома.

Шӯрои сиёсии ҳизби демократ афзудааст: "То ҷое мо хабар дорем, Далери Имомалӣ ба унвони блогер бештар мавзуъҳои баҳсталаби иҷтимоию рӯзгори мардумро нашр мекунад ва дар навиштаҳои ӯ масъалаи ғаразхоҳӣ, ноором кардани ҷомеа ва ё таҳқиру надомати ҳукумат дида намешавад. Хабарнигор ҳамчун намояндаи қишри бедори ҷомеа рисолати хабаррасонии худро ба мақсади ислоҳи камбудиҳо пешниҳод кардааст, ки чунин амал дар ҳама давлатҳои пешрафта вуҷуд дорад".

Далери Имомалӣ хабарнигор ва блогнависи мустақил, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри видеоҳо аз мушкилоти мардум маъруф аст, рӯзи 4-уми июн ҳангоми таҳияи матлаб пас аз қабулгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, аз сӯйи мақомоти интизомии ин ноҳия барои 5 соат бозпурсӣ шуда буд.

Баъдан хабарнигор бо нашри як видео иддао кард, ки аз сӯйи яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин ноҳия лату кӯб ҳам шуд. Ӯ зери фишори ин мақомот чанд видеои худро вобаста ба тахриби хонаҳои сокинон дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур аз шабакаи Ютуб пок кард.

Рӯзи 6-уми июн бархе аз созмонҳои рӯзноманигорӣ низ аз қазияҳои ахир, аз ҷумла лату кӯбу фишору таъқиби Далери Имомалиро маҳкум карда, хостори риояи қонунгузории кишвар дар бахши расонаҳо аз сӯйи мақомоти давлатӣ шуданд.

ҲДТ кирдори мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансурро ба шиддат интиқод карда таъкид карда, ки муттаасифона як муттахасиси бесалоҳияти  яке аз сохтори интизомии ин ноҳия даст ба чунин амали худсарона ва беадолатона задааст.

"Чунин рафторҳои нодуруст ва ғайриқонунӣ ё худ қонуншиканӣ аз тарафи намояндагони алоҳидаи сохторҳои ҳукуматӣ  гоҳе рӯй медиҳанд, аммо на ҳамеша ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ ва ё муносибати қонунӣ карда мешавад. Аз тарафи дигар, воқеаи бо хабарнигор Далери Имомалӣ рӯйдода метавонад барои гурӯҳҳои моҷароҷӯ дастак шавад ва онҳо ба он ранги сиёсӣ дода, ҳадафҳои худашонро ба мардум намоиш бидиҳанд. Дар ҳар сурат, чунин амали нанговари намояндагони сохторҳои давлатӣ эътибори давлат ва ҷомеаи моро коҳиш медиҳад",- таъкид шудааст дар муроҷиат.

Дар поёни муроҷиат аз раиси Маҷлиси миллӣ хоста шудааст, ки барои пешгирӣ аз чунин рафтори нодурусти ходимони идораҳои давлат, ин амалро ошкор ва иҷрокунандагони онро муҷозот кунад, то дигар дар Тоҷикистон чунин амал ва рафтор аз тарафи намояндагони органҳои давлатӣ рух надиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио