SIGAR: Ашраф Ғанӣ ҳангоми фирор $ 1 млн ва муҳофизонаш $ 4 млн-ро дуздиданд

SIGAR ё Сарбозрасии вижаи Амрико барои Афғонистон дар як гузориши таҳқиқӣ эълон кард, ки раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳангоми фирор аз Кобул маблағи камтар аз як миллион долрро бо худ бурдааст. Аммо пештар манбаъҳои гуногун эълон карданд, ки ӯ наздик ба ба 170 миллион долларро бо худ бурдааст.    Ин ниҳоди амрикоӣ гуфтааст, ки пас аз фирори […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

SIGAR ё Сарбозрасии вижаи Амрико барои Афғонистон дар як гузориши таҳқиқӣ эълон кард, ки раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳангоми фирор аз Кобул маблағи камтар аз як миллион долрро бо худ бурдааст. Аммо пештар манбаъҳои гуногун эълон карданд, ки ӯ наздик ба ба 170 миллион долларро бо худ бурдааст. 
 
Ин ниҳоди амрикоӣ гуфтааст, ки пас аз фирори Ғанӣ, муҳофизони ӯ ҳудуди 5 миллион долрро миёни худ тақсим кардаанд. 

Ашраф Ғанӣ пештар ҳам дар чанд мусоҳиба ва паёмҳои видеоӣ иттиҳоми бурдани пулро рад карда буд. Ғанӣ, ки ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор карда буд, он замон гуфта буд, ки «ман фақат бо як воскат ва чанд даст либос рафтам, ин иттиҳомот дурӯғҳои беасос аст».

Ҳоло SIGAR таъйид кардааст, ки Ғанӣ бо як миқдор маблағ аз Афғонистон фирор кардааст. 

Ҷон Сапку, раиси SIGAR дар ин гузориш, ки ба маҷлис ва конгрреси Амрико фиристода шудааст, гуфтааст, ки бештари ин пулҳо марбут ба буҷаи амалиётии ҳукумати Афғонистон буд ва ба таври маъмул дар Арги раёсати ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешуд. Тибқи ин гузориш, ин миқдор пул дар дасти ҳамаи нафароне будааст, ки дар чархболҳои ҳомили Ғанӣ ва ҳамсараш аз Кобул фирор карданд.  

Бар асоси ин гузориш, пас аз фирори Ғанӣ, ҳудуд 5 миллион доллар пули нақд дар Арги раёсатҷумҳурӣ боқӣ монда буд, ки зоҳиран пас аз парвози чархболҳои ӯ ва ҳамроҳонаш ва пеш аз расидани Толибон ба Арг, муҳофизон раисҷумҳур онро миёни худ тақсим карданд. 

Ба гуфтаи SIGAR, манбаи ин пул то ҳоло боиси ҷанҷолҳо аст. Бархе аз масъулони ҳукумати собиқ дар суҳбат бо ин ниҳод гуфтаанд, ки ин панҷ миллион доллар пулҳои шахсии Ашраф Ғанӣ будааст, аммо бархеи дигар гуфтаанд, ки ин пул марбут ба даврони муборизаҳои ахири интихоботи раёсатҷумҳурӣ буд, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Ғанӣ фиристодааст. 

Ҷон Сапку гуфтааст, ки ин як гузориш пешакӣ аст, зеро SIGAR ҳанӯз мунтазири посухи раисҷумҳури фирории Афғонистон ба пурсишҳоест, ки ин ниҳод ирсол кардааст. SIGAR гуфтааст, ки барои таҳияи ин гузориш бо 30 нафар мақомҳои собиқи давлати пешини Афғонистон, аз ҷумла онҳое, ки бо Ғанӣ аз Кобул фирор карда буданд, гуфтугӯ кардааст.

Сарбозрасии Амрико барои Афғонистон ҳамчунин ҷузъиёти интиқоли пул аз сӯйи Руло Ғанӣ, генерал Қоҳир Кӯчӣ ва чеҳраҳои дигарро ҳам ошкор кардааст. 

Дар гузориш омадааст, ки ин пулҳо дар ҷомадонҳои хурд ва сабук дар  се чархбол ҷо карда шуда буданд. 

Тибқи ин гузориш, Рафеъ Фозил, муовини мушовири амнияти миллии Афғонистон 240 ҳазор доллар аз буҷаи нақди Шӯрои амнияти миллии Афғонистонро дар борхалтаи бушташ доштааст.  

Замони фирори Ғанӣ сафорати Русия дар Кобул гуфта буд, ки ҳамроҳ бо Ғанӣ дар се чархбол беш аз 169 миллион доллар ҳам дуздида шудааст. 

Аммо SIGAR гуфтааст, ки агар 169 миллион доллар банкнотҳои саддолларӣ ҳам буда бошанд вазни он ду тон мешавад, ки тавассути ҳатто чаҳор чархбол номумкин аст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.