«Фурсати донистан»: як кас ҳақ дорад ба ҷойи каси дигар дар расмиёти маъмурӣ намояндагӣ кунад?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Пӣюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буданд ва суҳбат сари намояндагӣ дар расмиёти гумрукӣ сурат гирифт. Яъне иштироки намояндаи як нафар ба ҷойи ӯ дар расмиёт ё баҳсҳои маъмурӣ. Фишурдаи […]

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Пӣюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буданд ва суҳбат сари намояндагӣ дар расмиёти гумрукӣ сурат гирифт. Яъне иштироки намояндаи як нафар ба ҷойи ӯ дар расмиёт ё баҳсҳои маъмурӣ.

Фишурдаи ин суҳбат, ҳар ҳафта пас аз барномаи радиоӣ дар шакли саволу ҷавоб дар сайти "Азия-Плюс" ҳам пешниҳод мешавад.

Саволи аввал: Оё шаҳрвандон ва ё шахсони ҳуқуқӣ ҳақ доранд, ки  тавасути намоянда ба мақомоти маъмурӣ муроҷиат намоянд? Барои ин чӣ расмиёте зарур аст?

Ҷавоб: Бале, шаҳрвандон  ва шахсони ҳуқуқӣ ҳақ доранд, ки доир бо масъалаҳои маъмурӣ  тавасути намоянда ба мақомоти маъмурӣ муроҷиат намоянд. Ин ҳуқуқ дар моддаи 38 Кодекси расмиёти маъмурӣ кафолат дода шудааст. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ҳуқуқ доранд муносибатҳоро бо мақомоти маъмурӣ тавассути намоянда анҷом диҳанд.

Зимнан қайд менамоем, ки доштани намоянда ин ҳуқуқ аст, на ӯҳдадорӣ. Мақомоти маъмурӣ ҳақ надорад аз тарафи манфиатдор талаб намояд, ки муносибатҳои худро бо мақоми маъмурӣ тавассути намоянда анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бевосита қонун пешбинӣ кардааст. Танҳо шахси воқеӣ метавонад ҳамчун намоянда таъин карда шавад.

Мақомоти маъмурӣ вазифадор аст аз намоянда ҳуҷҷатеро, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба расмият дароварда шуда, намояндагии ӯро тасдиқ мекунад, талаб намояд. Ваколати намоянда тавасути ваколатномаи тибқи тартиби муқарраргардида ба расмият даровардашуда тасдиқ карда мешавад.

Савол: Агар шаҳрванд намоянда дошта бошад, пас мукотибаи байни мақомоти маъмурӣ ва шаҳрванд чиӣ гуна амалӣ карда мешавад?

Ҷавоб: Тартиби муносибати байни мақомоти маъмурӣ ва намоянда дар моддаи 39 Кодекси расмиёти маъмурӣ танзим шудааст. Агар аризадиҳанда ё тарафи манфиатдори намоянда таъин карда бошад, мақомоти маъмурӣ ба он намоянда ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба тарафи манфиатдор тааллуқдоштаро мефиристад. Мақомоти маъмурӣ дар мавриди ҳама масъалаҳои расмиёти маъмурӣ ба намоянда муроҷиат мекунад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Намоянда ҳақ дорад аз номи шахси намояндагишаванда ҳама амалиёти расмиётиеро, ки дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи намояндагии ӯ пешбинӣ гардидаанд, анҷом диҳад. Зимнан, ёдрас менамоем,ки тарафи манфиатдор, ки онро шахси дигар намояндагӣ мекунад, ҳақ дорад дар ҳамаи муҳокимаҳои шифоҳӣ ҳузур дошта бошад.

Савол: Дар  кадом мавридҳо таъини намоянда дар расмиёти маъмурӣ ҳатмӣ мебошад?

Ҷавоб: Ҳолатҳое, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо таъини намоянда дар расмиёти маъмурӣ ҳатмӣ мебошад, дар моддаҳои 40-41 Кодекси расмиёти маъмури пешбинӣ шудаанд. Тарафи манфиатдори дар расмиёти маъмурӣ иштироккунандае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор надорад, ӯҳдадор аст дар давоми 3 рӯзи баъди талаби мақомоти маъмурӣ намояндаи худро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, таъин намояд.

Агар ариза аз ҷониби бештар аз 25 шахс пешниҳод гардида бошад, шахсоне, ки аризаро имзо кардаанд, дар муҳлати муқаррарнамудаи мақомоти маъмурӣ як намояндаеро, ки барои анҷом додани муносибатҳо бо мақомоти маъмурӣ ваколатдор аст, таъин мекунанд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.