Далели сӯхтори бозори “Фаровон”-и Бохтарро эълон шуд: ошхонаи “Ганҷина-3”. Зарари расида: 3,2 млн сомонӣ

Date:

Далели аслии сӯхтор дар бозори "Фаровон -Қурғонтеппа"-и Бохтар эълон шуд. Ошхонаи хуссусии "Ганҷина-3" манбаъи сӯхтор эътироф шудааст.

Нашрияи маҳалии "Набзи Бохтар" дар як гузоришаш аз ҷараёни ситоди шаҳрӣ дар мавриди сӯхтор дар бозори "Фаровон-Қӯрғонтеппа", ки 8 июн таҳти раёсати Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар баргузор шудааст, дар ин бора хабар додааст.

Ба навиштаи ин нашрия, дар ситоди шаҳрӣ гуруҳи тафтишотӣ эълон кардааст, ки сабаби сар задани сӯхтор хатҳои барқи ошхонаи хуссусии "Ганҷина-3", ки дар дохили бозор ҷойгир будаанд, шудааст.

Ҳамчунин ин нашрия навиштааст, ки сӯхтор ҳаҷми 1,2 ҳазор метри мурабаъро фаро гирифта ба соҳибкорону соҳибмулкони бозор 3,2 миллион сомонӣ зарар расондааст. 

3,2 миллион сомонӣ ҳисоб шудани зарар дар ҳолест, ки соҳибкорони зарардида дар суҳбатҳои хусусӣ аз зарари бештар диданашон суҳбат мекунанд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи сухтори шаби 1-июн растаҳои мағозаҳои техникаҳои маишӣ, либосҳои занона, мағозаҳои пояфзолу либосаи қиматбаҳо ба коми оташ рафтаанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохили дар вилояти Хатлон ҳам 3 июн дар як хулосаи пешакӣ, сабаби сӯхтор дар бозори "Фаровон" – и шаҳри Бохтарро расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ гуфта буд.

Дар хабарномаи ин ниҳод омада буд, ки сабабҳои аслии сар задани сӯхтор дар рафти санҷиши ҳаматарафа муайян карда мешавад.

Дар натиҷаи сӯхтори шаби 1 ба 2-юми июн дар ин бозор 12 тан захм бардошта буданд, ки ки вазъи як тани онҳо, соҳибкори 52-сола вазнин  буд ва ӯ баъдан дар бемористон ҷон дод. Ин соҳибкор Муҳаммад Сафаров буд, ки ба гуфтаи табибон 90 дар сади баданаш сӯхта буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...