Парвозҳои мустақими Душанбе-Теҳрон 13 июн оғоз мешаванд: дар сафари Раҳмон мувофиқа шуда буд

Парвозҳои мустқими ҳавопаймо дар хатсайри Теҳрон-Душанбе-Теҳрон 13-уми июн оғоз мешаванд. Дар ин бораи хабаргузории “Ирно”-и Эрон дар такя ба вазири роҳу шаҳрсозии ин кишвар Рустам Қосимӣ хабар медиҳад. Рустам Қосимӣ гуфтааст, ки бар асоси тавофуқи ҳосилшуда дар сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон рӯзи 13-уми июн парвозҳои мустақими ду кишвар оғоз мешаванд, ки ҳафтае ду парвоз […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Парвозҳои мустқими ҳавопаймо дар хатсайри Теҳрон-Душанбе-Теҳрон 13-уми июн оғоз мешаванд. Дар ин бораи хабаргузории “Ирно”-и Эрон дар такя ба вазири роҳу шаҳрсозии ин кишвар Рустам Қосимӣ хабар медиҳад.

Рустам Қосимӣ гуфтааст, ки бар асоси тавофуқи ҳосилшуда дар сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон рӯзи 13-уми июн парвозҳои мустақими ду кишвар оғоз мешаванд, ки ҳафтае ду парвоз анҷом мешавад.

Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон гуфтааст, ки мувофиқи тавофуқ теъдоди парвозҳо оҳиста-оҳиста то чаҳор парвоз дар як ҳафта бояд расонда шавад.

Дар охири моҳи апрел Оҷонси ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон  ҳам ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки ин парвозҳоро роҳандозӣ мекунад.

Оҷонсӣ гуфта буд, ки дар оғоз парвозҳоро дар ин хатсайр ширкати Iran air анҷом медиҳад.

“Iran air дар як ҳафта ду парвоз анҷом медиҳад. Дар идома вобаста ба имкониат ширкати «Сомон Эйр» ҳам дар ин масир парвоз анҷом хоҳад дод», – гуфта буданд дар ин ниҳод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.