Ҷо Байден боз як муҳлати дигар президент шудан мехоҳад

Президенти ИМА Ҷо Байден ният дорад, ки дар интихоботи навбатии президентӣ, ки соли 2024 баргузор мешавад, номзадии худро ба ин мансаб ба муҳлати дуюм пешбарӣ кунад. Ин маълумотро дар барномаи шабакаи телевизионии CNN намояндаи расмии Кохи сафед Карин Жай-Пйер тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Байден қаблан чандин бор дар бораи нияти номзадиашро гузоштан дар интихоботи […]

Asia-Plus

Президенти ИМА Ҷо Байден ният дорад, ки дар интихоботи навбатии президентӣ, ки соли 2024 баргузор мешавад, номзадии худро ба ин мансаб ба муҳлати дуюм пешбарӣ кунад.

Ин маълумотро дар барномаи шабакаи телевизионии CNN намояндаи расмии Кохи сафед Карин Жай-Пйер тасдиқ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, Байден қаблан чандин бор дар бораи нияти номзадиашро гузоштан дар интихоботи соли 2024 изҳори назар кардааст.

Сухангӯи Кохи сафед маълумотро дар мақолаи қаблан нашршудаи New York Times дар бораи он ки мушкили президенти кунунии 79-сола барои давраи дуюми ба ин курсӣ пешбарӣ шуданаш синнусолаш будааст, рад кард.

Жан-Пйер илова намудааст, ки ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи маъмурияти Амрико қарор надошта, президент ба корҳои беҳбуди зиндагии аҳолии кишвараш машғул аст.

Қаблан газетаи The Hill хабар дода буд, ки Байден ба президенти пешини ИМА Барак Обама гуфтааст, ки ният дорад дар интихоботи президентии соли 2024 номзад шавад. Бо вуҷуди ин, нашрия зикр мекунад, ки ба интихоби дубораи Байден ба мансаб рейтингҳои паст монеъа шуда метавонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.