Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири тозатаъин эътимоднома қабул кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз 10 нафар сафирони нави кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. Гуфта мешавад, сафирони Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин, Ҷумҳурии Қазоқистон – Туреханов Валихан, Қирғизистон – Абдилдаев Эрлан, Маҷористон – Рона Отта Иван, Испания – Хорхе Урбиола Лопес де Монтенегро, Индонезия – Моҳаммад Фаҷрол Раҳман, […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз 10 нафар сафирони нави кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Гуфта мешавад, сафирони Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин, Ҷумҳурии Қазоқистон – Туреханов Валихан, Қирғизистон – Абдилдаев Эрлан, Маҷористон – Рона Отта Иван, Испания – Хорхе Урбиола Лопес де Монтенегро, Индонезия – Моҳаммад Фаҷрол Раҳман, Таиланд – Чатчаван Сакорсин, Марокаш – Муҳаммад Рашид Маанин, Бразилия – Олинсо Виейра ва Доминикан – Франк Ҳанс Данненберг Кастелянос эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш ба призиденти Тоҷикистон тақдим карданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо итминон иброз дошт, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

“Тоҷикистон тайи давраи соҳибистоқлолии хеш сиёсати усулии барпо намудан ва пешбурди робитаҳои ҳасанаи гуногунҷанбаи судмандро бо кишварҳои хориҷии минтақаҳои гуногуни олам амалӣ менамояд”, – таъкид дошт президент.

Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва масъалаҳои муҳимми ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим андешаронӣ карда, изҳор дошт, ки кишварҳои мо оид ба аксари масъалаҳои доғи рӯз ва марбут ба мушкилоти умдаи глобалӣ мавқеи монанд ё ба ҳам наздик дошта, барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба кушишҳои муштарак анҷом медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.