Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ду моҳ ба ҳабс гирифта шуданд

Рӯзноманигорон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба муддати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” адвокати онҳо Абдураҳмон Шарипов. Ба гуфтаи ӯ, ба парвандаи Далери Имомалӣ, ки з ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе мутобиқи моддаи 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ) ва аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 346, қисми 1, банди […]

Asia-Plus

Рӯзноманигорон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба муддати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” адвокати онҳо Абдураҳмон Шарипов.

Ба гуфтаи ӯ, ба парвандаи Далери Имомалӣ, ки з ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе мутобиқи моддаи 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ) ва аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ) боз шуда буд, моддаи нав – 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнуъ") илова гардидааст.

Нисбати Абдуллоҳи Ғурбатӣ бар асоси аризаи корманди ШКД ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби прокуратураи ҳамин ноҳия бо моддаи 328, қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.

Қаблан Далери Имомалӣ қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба ҳайси наворбардор бо Д.Имомалӣ кор мекунад, иттиҳомро рад мекунад.

“Ман ягон ният ё мақсади муноқиша бо кормандони милитсияро надоштам. Маро ҷавоб доданд ва ман хостам, ки аз бино берун шавам, лекин дар назди постгоҳ бо корманди милиса дучор шудам, ки ӯ пеши роҳамро гирифт. Баъдан маро дастгир карда, ба бино ворид карданд. Пас аз он эьлон карданд, ки гӯё ман корманди милитсияро зада бошам”, – гуфтааст Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба адвокат.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 июн Далери Имомалӣ хабар дода буд, ки аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуд ва баъдан мавриди лату кӯб қарор гирифт.

Ӯ ҳангоми кӯшиши таҳияи гузориши видеоӣ дар бораи қабули шаҳрвандон дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуда буд.

Ба дастгирии блогер ва дигар журналистон, ки мавриди лату кӯб ва таҳқир қарор гирифтанд, ҷомеаи рӯзноманигорӣ садо баланд кард.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дар навбати худ бо дархости санҷиши мӯшикофонаи ин ҳодиса ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.