Гуштингири тоҷик дар Қирғизистон сазовори медали биринҷӣ гардид

Варзишгари тоҷик Ҳусейн Ҳасанов дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни -60 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ дирӯз, 19 июн оғоз ёфт. Гуфта мешавад, ки Ҳасанов  мусобиқаро аз […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Варзишгари тоҷик Ҳусейн Ҳасанов дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни -60 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ дирӯз, 19 июн оғоз ёфт.

Гуфта мешавад, ки Ҳасанов  мусобиқаро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон Абулфазл Миршакар мағлуб шуд.

«Варзишгари эронӣ ба финал баромад, Ҳусейн низ имкон дошт, ки мусобиқаро идома диҳад. Ӯ дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйук Сеомун ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Туркманистон Шатлик Юнусов пирӯз гардид», – менависад манбаъ.

Ҳамзамон дар рӯзи аввал варзишгарон Нодир Турсунзода (55кг), Ансор Раҳматзода (92кг), Акрами Ҷаҳонгир (110кг) гуштин гирифта, дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.

Бояд гуфт, ки бори аввал аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гуштин дар ду категорияи синнусол – то 17-солаҳо ва то 23-солаҳо дар як вақт доир мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардидаанд.

Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола рӯзҳои 19-22 июн ва миёни ҷавонони то 23-сола рӯзҳои 23-26 июн баргузор мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.