Аз таркиши гази моеъ дар қаҳвахонаи «Лола» 1 нафар маҷруҳ шуд

Субҳи имрӯз, 20 июн дар Қаҳвахонаи «Лола» -и  пойтахт гази моеъ таркидааст, ки дар натиҷа як нафар ҷароҳат бардоштааст. Бино ба иттилои ВКД, таркиши гази моеъ дар қаҳвахонаи мазкур бар асари риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ соати 09:20 дақиқа ба вуқуъ омада, дар масоҳати 5 метри мураббаъ дохили қаҳвахонаро оташ фаро гирифт. Дар натиҷа 1 […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 20 июн дар Қаҳвахонаи «Лола» -и  пойтахт гази моеъ таркидааст, ки дар натиҷа як нафар ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба иттилои ВКД, таркиши гази моеъ дар қаҳвахонаи мазкур бар асари риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ соати 09:20 дақиқа ба вуқуъ омада, дар масоҳати 5 метри мураббаъ дохили қаҳвахонаро оташ фаро гирифт.

Дар натиҷа 1 нафар шаҳрванд ҷароҳати сӯхтаи бадан бардоша, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, ки сӯхтор аз тарафи оташнишонон базудӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд.

Қаҳвахонаи «Лола», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 13-и шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, ба соҳибкор Додхоҳ Муродалиев, соли таваллудаш 15 июни соли 1970 тааллуқ дорад.

Санҷиши сабабҳои сар задани сӯхтор дар қаҳвахона аз тарафи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва прокуратураи шаҳри Душанбе идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.