Гурӯҳи нахустини зойирини тоҷик ба ҳаҷ сафар намуданд

Субҳи имрӯз гурӯҳи нахустини зоирони тоҷик иборат аз 155 нафар барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар гардиданд. Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин гурӯҳи зоиронро раиси Кумитаи дин, Сулаймон Давлатзода ва Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон […]

Субҳи имрӯз гурӯҳи нахустини зоирони тоҷик иборат аз 155 нафар барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар гардиданд.

Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин гурӯҳи зоиронро раиси Кумитаи дин, Сулаймон Давлатзода ва Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон гусел намуданд.

Гуфта мешавад, ки раиси Кумита дар суҳбат бо зоирон таваҷҷуҳи онҳоро ба риояи ҳатмии муқаррароти ҷорӣ дар мавсими ҳаҷ ҷалб намуда, таъкид доштааст, ки гарчанде вазъи марбут ба бемории сироятии коронавирус нисбатан ба эътидол омада бошад ҳам, хатари ин беморӣ ҳанӯз вуҷуд дорад. Ва номбурда аз зоирон даъват намудааст, ки дар кишвари мизбони ҳаҷ тадбирҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

Ҳамзамон, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон низ суханронӣ намуда, оғози дубораи сафарбарнамоии зоирон ба мавсими ҳаҷро рамзи нек хонда, зоирони тоҷикро табрику шодбош гуфт.

Дар охири маросими гусел аз ҷониби Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба зоирони тоҷик туҳфаҳои рамзӣ тақдим гардид.

Тавре аз Кумитаи дин ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, имрӯз, 20-уми июн гурӯҳи нахустини шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳаҷ сафарбар гардида, сафари ҳаҷ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ то 4 июл идома меёбад ва 17 июл ба анҷом мерасад. Имсол 3,5 хазор нафар шаҳрвандони аз 40 то 65-сола ба ҳаҷ сафар мекунанд.

Ҳамзамон, илова намуданд, ки нахуст зоирони шаҳри Душанбе ба зиёрати ҳаҷ мераванд ва сипас аз дигар шаҳру навоҳии кишвар, ки зидди бемории коронавирус эмгузаронӣ шудаанд. Инчунин, ҳангоми ворид шудан ба Арабистони Саудӣ, бояд шаҳодатномаи ташхиси манфӣ аз коронавирус, ки на дертар аз се рӯз (72 соат) пеш аз сафар дода шудааст, пешниҳод карда шавад.

Тавре аз ин Кумита афзуданд, арзиши сафари ҳаҷ имсол 60 ҳазору 520 сомонӣ (5 ҳазору 350 доллар) муқарар шудааст. Дар соли 2019 сафари Ҳаҷ барои тоҷикон беш аз 35 ҳазор сомонӣ (бо қурби он вақт 3 ҳазору 750 доллар) арзиш дошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.