Рӯзҳои истироҳат беқурбшавии доллар нисбат ба сомонӣ идома ёфта, рубл устувор монд

Рӯзҳои истироҳати гузашта қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ боз ба андозаи 1% коҳиш ёфт. Тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои имрӯз, 20 июн 1 доллар 10,79 сомонӣ нарх дошта, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 17 июн қимати он ба 10,90 сомонӣ баробар буд. Қурби рубли Русия тайи ҳафтаи ахир […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳати гузашта қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ боз ба андозаи 1% коҳиш ёфт.

Тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои имрӯз, 20 июн 1 доллар 10,79 сомонӣ нарх дошта, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 17 июн қимати он ба 10,90 сомонӣ баробар буд.

Қурби рубли Русия тайи ҳафтаи ахир қариб бетағйир боқӣ монда, имрӯз дар сатҳи 176,5 сомонӣ барои 1000 рубл қарор дорад.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад. Бонкҳо аз он барои ивази ба пули нақд истифода намебаранд.

Дар ҳамин ҳол, қурби хариди доллари нақд аз ҷониби бонкҳои кишвар барои имрӯз аз 10 сомонӣ то 10,3 сомонӣ ва қурби фурӯш – 10,5-10,79 (1 доллар) сомонӣ муқаррар шудааст.

Қурби хариди рубли нақд аз ҷониби бонкҳо аз 168 сомонӣ то 177 сомонӣ (1000 рубл) муқаррар шуда, 1000 рубли Русия 178-180 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбат ба Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб бар асари муноқиша бо Украина, дар бозори асъори Тоҷикистон тағйирёбии босуръати қурбҳо ба мушоҳида мерасад.

Дар аввал сомонӣ нисбат доллар хеле беқурб шуда, нисбати рубл боло рафт. Аммо баъди талаботи раҳбарияти Русия дар мавриди пардохти маблағи гази табиӣ бо рубл аз кишварҳои Ғарб, ки ба таҳримҳо ҳамроҳ шуда буданд, вазъият бакуллӣ тағйир ёфт.

Мутахассисон зикр мекунанд, ки дар натиҷаи аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ба Русия вобаста будани Тоҷикистон аз Русия, сомонӣ дарвоқеъ аз рубл вобастагии зиёд дошта, чӣ гуна ҳолате, ки бо рубл ба амал меояд, баъди муддати муайяне ба пули тоҷикӣ низ ҳамин гуна ҳолат таъсир хоҳад расонид.

Қурби рубл нисбат ба доллар имрӯз аз ҷониби Бонки марказии Русия ба мисли рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар сатҳи 56,71 рубл (1 доллар) муқаррар шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.