Бар асари заминларза дар Афғонистон 250 нафар ҳалок шуданд

Date:

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ  бар асари заминларзаи шадид дар дар вулусволии Гиёни вилояти Пактико беш аз  250 нафар кушта ва теъдоди зиёде захмӣ шудаанд.

Ин ҳодиса ҳудуди соати 1:30 имшаб дар дигар вилоятҳои Афғонистон низ рух додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Манобеи маҳаллӣ аз вулусволии Гиён ба  aamajnews.com гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса як русто ба гунаи комил вайрон шудааст.

Бар асоси гузориши расонаҳо, танҳо ба бемористони вулусволии Аргуни Пактико 35 ҷасад ва беш аз 60 захмӣ оварда шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Намояндаҳои Толибон дар Пактико ва манобеи маҳаллӣ гуфтаанд, ки заминларза ба вулусволии Гиёни Пактико ва вулусволии Сипераи вилояти Хуст талафот ва хисороти зиёд ворид кардааст.

Бар асоси гузоришҳои аввалия, ин заминларза 6.1 балл гуфта шудааст, ки Кобул, вилоятҳои Пактико, Пактиё, Хуст, Лағмон, Ғазнӣ ва Лугуро низ такон додааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Дар ҳоли ҳозир ҷамъоварии маълумот дар бораи талафот ва харобиҳо идома дорад.

Зимнан, заминларзае, ки дар Афғонистон рух дод, дар Ӯзбекистони ҳамсоя низ эҳсос шудааст.  Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки заминларза 22 июн соати 01:55 дар қаламрави Ӯзбекистон, ки маркази он Афғонистон аст, мушоҳида шудааст.

Масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу ғарбӣ 685 километрро ташкил медиҳад.

Дараҷаи заминларза дар манотиқи Ӯзбекистон: Вилояти Сурхондарё 3 балл 281 км, Вилояти Қашқадарё 2 балл 503 км, Вилояти Самарқанд 2 балл 536 км, Вилояти Ҷиззах 2 балл 567 км.

Дар бораи талафот ва хисорот дар Ӯзбекистон гузориш нашудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...