Ҷанги қавмӣ ва дохилии Толибон. Боздошти Толибони тоҷиктабор дар Панҷшер

Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Панҷшер ба рӯзномаи "8 субҳ" – Кобул гуфтаанд, ки Толибони паштунтабор шуморе аз Толибони тоҷиктаборро дар вулусволии Дараи ин вилоят боздошт кардаанд. Ба иттилои манбаъ Толибон ин афродро ба иттиҳоми ҷосусӣ барои раиси амнияти миллии пешини Панҷшер боздошт кардаанд. Манобеъ аз Хушдил, муовини қумандони амнияти Толибон дар вулусволии Дара, Фарид, қумандони […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Панҷшер ба рӯзномаи "8 субҳ" – Кобул гуфтаанд, ки Толибони паштунтабор шуморе аз Толибони тоҷиктаборро дар вулусволии Дараи ин вилоят боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ Толибон ин афродро ба иттиҳоми ҷосусӣ барои раиси амнияти миллии пешини Панҷшер боздошт кардаанд.

Манобеъ аз Хушдил, муовини қумандони амнияти Толибон дар вулусволии Дара, Фарид, қумандони Толибон дар истгоҳи дарвозаи вулусволии Дара ва Боба Мир, сарбози Толибон ба унвони афроде ном бурдаанд, ки аз сӯйи Толибони паштунтабор боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад Толибони паштунтабор шабона вориди хонаҳои ин афрод шуда, пас аз гирифтани силоҳ, онҳоро боздошт ва зиндонӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир танишҳои қавмӣ миёни сафҳои Толибон афзоиш ёфтааст. Пеш аз ин  Толибон бо иштироки садҳо ҷангҷӯ ба вулусволии Балхоби вилояти Сарипул барои гирифтани силоҳ ва боздошти танҳо фармондеҳи ҳазоратаборашон ҳамла карданд, ки бо муқовимати ин фармондеҳ рӯ ба рӯ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Қорӣ Ваққос, фармондеҳи пешини воҳидҳои артиши Толибон барои Тагоб, ки чанде пеш ба далели ихтилоф бо Толибон аз онҳо ҷудо шуда буд, парчами Ҷабҳаи муқовимати миллиро барафрошта, бахшҳое аз вулусволии Тагоби ин вилоятро ба контроли худ даровард.

Ба гуфтаи манобеъ норизоятии Толибони бадахшонии тоҷиктабор дар ҳоли густариш аст ва фаъолияти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вулусволиҳои Кашм, Даройам, Ташкон ва кӯҳистони ин вилоят дар ҳоли густариш мебошад.

Ҷабҳаи муқовамати миллӣ аз сентябри соли гузашта ба муқобили Толибон муқовимати мусаллаҳона мебарад. Дар ибтидо ба он низомиёни  тоҷики вилояти Панҷшер ва низомиёни ҳукумати Афғонистон, ки аз сӯи Толибон сарнагун карда шудаанд, шомил буданд.

Пештар воҳидҳои Толибон ноҳияи Балхоби вилояти Сари Пулро, ки фармондеҳи маҳаллии Толибон, Мулло Маҳдӣ Муҷоҳид алайҳи ҷунбиши тундрав шӯриш кардааст, муҳосира карда буданд.

Муҷоҳид ва ҷангиёнаш аз қавми ҳазора буда, аксари раҳбарон ва ҷангҷӯёни Толибон паштун ҳастанд.

Роҳбари Толибон ба ҷойи як ҳазора Муҷоҳиди паштунро таъин карданд, ки ин боиси шӯриш дар вулусволии Балхоб гардид. Ҷунбиши радикалӣ кӯшиш кард, ки Толибони қавми ӯзбекро ба муқобили Муҷоҳид бифиристад, аммо онҳо рад карданд.

Теъдоди дастаҳои ҳазора то 500 нафаранд.  Шаҳристони Балхоб аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст.  Толибон дар давраи ҳукумати аввали худ дар солҳои 1996-2001 натавонистанд ин минтақаро пурра тасарруф кунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст