Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо аз 11 июл оғоз мешаванд

Дар Тоҷикистон аз 11 июл нишастҳои хабарии вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввал оғоз мегарданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Гуфта мешавад, нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби роҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон рӯзи 28 июн тасдиқ шуд. Дар ҷараёни нишастҳои матбуотӣ, ки ҳар рӯзи корӣ баъд аз 11 июл якчанд […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз 11 июл нишастҳои хабарии вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввал оғоз мегарданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Гуфта мешавад, нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби роҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон рӯзи 28 июн тасдиқ шуд.

Дар ҷараёни нишастҳои матбуотӣ, ки ҳар рӯзи корӣ баъд аз 11 июл якчанд вазорату идораҳо мегузаронанд, намояндагони ВАО имкон пайдо мекунанд, ки ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳашон посух гиранд.

Шахсони масъули вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта бояд вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ “Ховар” тариқи телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа кунанд.

Мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ 5 август ба итмом мерасанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо баъдан ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба баргузор мешаванд.

Дар супориши мазкур зикр шудааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.