Ҷабҳаи муқовимат: “Нишасти “Олимон”-и Толибон як ҳиллае барои фиреби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст”

Ҷабҳаи муқовамати миллӣ мегӯяд ки Толибон дар талошанд то бо ҳилла зери номи нишасти "Олимон" ё "Ҷирга" ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардумро фиреб дода ва иддаои касби машруъият аз роҳи чунин намоишҳои иғвогароёна кунанд. Ин Ҷабҳа рӯзи чаҳоршанбе бо нашри эъломияе гуфтааст: Толибон аз замони таъсиси худ то имрӯз аз ҳеҷ зулм ва ҷиноёте дареғ накардаанд […]

Алимшощ Меҳрзода, Asia-Plus

Ҷабҳаи муқовамати миллӣ мегӯяд ки Толибон дар талошанд то бо ҳилла зери номи нишасти "Олимон" ё "Ҷирга" ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардумро фиреб дода ва иддаои касби машруъият аз роҳи чунин намоишҳои иғвогароёна кунанд.

Ин Ҷабҳа рӯзи чаҳоршанбе бо нашри эъломияе гуфтааст: Толибон аз замони таъсиси худ то имрӯз аз ҳеҷ зулм ва ҷиноёте дареғ накардаанд ва бо ишғоли дубораи Кобул бо бераҳмии бештар маҳдудиятҳои бесобиқаеро бар мардум, бавижа занон эъмол кардаанд."

Ҷабҳаи муқовимат афзудааст, ки Толибон кишварро дар инзивои комил қарор дода, зиндагиро ба мардум чунон душвор кардаанд, ки аксарияти онҳо аз ногузирӣ кишварро тарк мекунанд.

Дар эъломия омадааст: "Ин гурӯҳ дар чунин вазъияти ошуфта ва беэътимодӣ дар талош аст то бо як ҳиллае зери номи нишасти "Уламо"  ё "Ҷирга" ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардумро фиреб диҳад ва иддаъои касби машруъият аз роҳи чунин намоишҳои иғвогароёна намояд."

Ҷабҳа возеҳ кардааст, ки мардуми Афғонистон ва ҷомеи ҷаҳонӣ медонанд, ки ба даст овардани қудрат ва давоми он аз роҳҳои номашрӯъ ва хилофи ризояти мардум, наметавонад бо абзорҳои мутаҳаҷҷирона ва ғайримардумӣ эътибор ёбад.

Ёдовар мешавем, ки қарор аст Толибон имрӯз нишасти "Олимони дин"-ро дар толори Луя Ҷирга баргузор кунанд.

Пештар манобеъи давлати муваққати Толибон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфта буд, ки нишасти "Олимони дин" дар Кобул рӯзи панҷшанбе баргузор хоҳад шуд. Пеш аз ин рӯзи баргузории ин нишаст дирӯз, яне рӯзи чаҳоршанбе гуфта шуда буд, ки дар ин нишаст 3000 нафар аз 34 вилояти Афғонистон даъват шудаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст