Ҷасади ду ҳафта пеш ғарқшудаи як духтар дарёфт шуд

Ҷасади духтари 18-солаи ноҳияи Ёвонро сокинони маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Кӯлободи ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова дарёфт намуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ. Гуфта мешавад, ин духтар ҳанӯз 27 июн ҳангоми оббозӣ дар  канал ғарқ шуда, ҷасадаш субҳи рӯзи 3 июл як километр поёнтар аз ҷойи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҷасади духтари 18-солаи ноҳияи Ёвонро сокинони маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Кӯлободи ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова дарёфт намуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Гуфта мешавад, ин духтар ҳанӯз 27 июн ҳангоми оббозӣ дар  канал ғарқ шуда, ҷасадаш субҳи рӯзи 3 июл як километр поёнтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт шудааст.

Мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон 1 июн оғоз гардида, қариб  рӯзе нест, ки касе дар дарёву кӯл ё дигар макони оббозӣ ғарқ нашавад.

Тибқи маълумоти КҲФ, аз оғози соли равон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар дарёву кӯл ва наҳру дигар обанборҳои кишвар 82 нафар ғарқ шудаанд, ки 42 нафарашон ноболиғон мебошанд.

Ба иттилои Кумита, сабаби ғарқшавии мардум, бахусус кӯдакон оббозӣ дар минтақаи мамнӯъ ба шиноварӣ, надоштани қобилияту малакаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст, ки фарзандони худро назди обанбору наҳр ва кӯлу дарёҳо беназорат мегузоранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба аҳолӣ хотиррасон менамояд, ки зимни истироҳат қоидаҳои бехатариро риоя намуда, ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.