Судяҳои ВМКБ ва Суғд барои “кирдорҳои пастзанандаи шаъну эътибор” аз мансаб барканор шуданд

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷамшед Носирӣ аз вазифааш озод карда шуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯ бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мансаб барканор шудааст. Гуфта мешавад, судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Рустам Сайдаҳмадзода низ бо чунин сабаб аз […]

Asia-Plus

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷамшед Носирӣ аз вазифааш озод карда шуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯ бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мансаб барканор шудааст.

Гуфта мешавад, судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Рустам Сайдаҳмадзода низ бо чунин сабаб аз вазифааш озод карда шудааст.

Дар борааи кадом кирдори судяҳо сухан рафтан хадамоти матбуоти сарвари давлат маълумот намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июн дар Душанбе дастгир ва ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯро ба "додани хабари дурӯғ" ва "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" гумонбар донистаанд.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтаанд, Рустам Саидаҳмадзода ин айбномаро рад карда, изҳор доштааст, ки дар ҷараёни тафтишоти думоҳа бегуноҳии худро собит хоҳад кард.

Радиои Озодӣ инчунин хабар медиҳад, ки ба гумони қаллобӣ котибаи Саидаҳмадзода – Азиза Ҳайдарова низ боздошт шудааст.

Бино ба маълумоти Радио, дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи май президент бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, Ҳомидҷон Муҳаммадзодаро аз вазифаи раиси Суди шаҳри Хуҷанд, Рустам Маҳмадсаидзодаро – аз вазифаи судяи Суди шаҳри Хуҷанд ва Раҳмиддин Раҳимзодаро – аз мансаби судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барканор кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.