Агентии обуҳавошиносӣ: Чангу ғубор дар Тоҷикистон то 10 июл боқӣ мемонад

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 8 июл дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ғарби ВМКБ чангу ғубор боқӣ мемонад. Қобили зикр аст, ки аз охири ҳафтаи гузашта фазои шаҳри Душанберо тадриҷан чангу ғубор фаро гирифт ва обуҳавошиносон пешгӯӣ карда буданд, ки он то рӯзи чоршанбе боқӣ мемонад. […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 8 июл дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ғарби ВМКБ чангу ғубор боқӣ мемонад.

Қобили зикр аст, ки аз охири ҳафтаи гузашта фазои шаҳри Душанберо тадриҷан чангу ғубор фаро гирифт ва обуҳавошиносон пешгӯӣ карда буданд, ки он то рӯзи чоршанбе боқӣ мемонад.

Ҳарорат давоми ин рӯзҳо дар кишвар дар сатҳи 35-40 дараҷа гарм мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои бе осеб ба саломатӣ гузаронидани ин рӯзҳои пурчангу ғубор чунин тавсияҳо медиҳад:

– Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед;

– Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

– То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред;

– Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

– дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

– ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;

– агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон дар ин гуна рӯзҳои пурчанг тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракат дар роҳҳо, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои доманфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.