Толибон ҷангиёни бо мушак ба Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамлакардаро дастгир намуданд

Воҳидҳои махсуси ҳаракати “Толибон” (ташкилоти мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар Кундуз 3 нафар ҷангиёнро куштаву 5 нафари дигарро, ки ба тирпаронӣ бо мушак ба қаламрави Ӯзбекистон рӯзи 5 июл гумонбар дониста мешаванд, дастгир карданд, хабар медиҳад Медиазона бо истинод ба маълумоти намояндаи расмии гуруҳ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар Twitter. Ба гуфтаи Муҷоҳид, кушташудагон ва боздоштшудагон ҷонибдори равияи […]

Asia-Plus

Воҳидҳои махсуси ҳаракати “Толибон” (ташкилоти мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар Кундуз 3 нафар ҷангиёнро куштаву 5 нафари дигарро, ки ба тирпаронӣ бо мушак ба қаламрави Ӯзбекистон рӯзи 5 июл гумонбар дониста мешаванд, дастгир карданд, хабар медиҳад Медиазона бо истинод ба маълумоти намояндаи расмии гуруҳ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар Twitter.

Ба гуфтаи Муҷоҳид, кушташудагон ва боздоштшудагон ҷонибдори равияи динӣ-сиёсии хавориҷ мебошанд, ки дар ноҳияи Имом Соҳиб қарор доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ тасдиқ мекунад, ки ҷангиёни боздоштшуда ба сӯйи қаламрави Тоҷикистон низ тирпаронӣ мекардаанд. Лекин намояндаи Толибон дар ин бора маълумоти мушаххас надодааст. Қаблан дар бораи тирпаронӣ ба самти Тоҷикистон низ хабар надода буданд.

Гуфта мешавад, аз боздошшудагон автомашина ва силоҳу муҳимот дарёфту мусодира шудааст.

Дар навори видеои аз ҷониби Толибон нашршуда боздоштшуда мегӯяд, онҳо дар доираи қарордод байни Ҷабҳаи муқовимат ва Давлати исломӣ (ДОИШ), ки онҳоро бо силоҳу муҳимот таъмин мекардаанд, ба қаламрави ин ду кишвар тирпаронӣ мекардаанд.

Ёдрас мекунем, ки баъд аз зуҳри 5 июл дар минтақаи марзии Ӯзбекистон афтидани панҷ мушак, ки эҳтимол аз қаламрави Афғонистон партоб шудааст, мушоҳида шуд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ҳангоми афтидани мушакҳо таркиш ба амал наомада, дар натиҷа талафоти инсонӣ ва тахриб дар пай надоштааст.

Тибқи маълумоти хабаргузории “Фергана”, 17 июл рӯзноманигори афғон Билол Сарварӣ хабар додааст, ки Ӯзбекистон боз аз қаламрави Афғонистон мавриди тирпаронӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи ӯ, ба самти қаламрави Ӯзбекистон аз 6 то 8 адад мушаки реактивӣ партоб шудааст.

Сарварӣ изҳор доштааст, ки ин маълумотро ба ӯ ҳам дар Ӯзбекистон ва ҳам худи Толибон тасдиқ кардаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.