“Бештар дар маориф ва тандурустӣ”. Оҷонсии зиддифасод 37 ҳолати хешутаборчигиро дар мақомоти давлатӣ ошкор кард

Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар шаш моҳи соли ҷорӣ 37 ҳолати фаъолияти якҷояи хешутаборро дар мансабҳои давлатӣ ошкор ва бартараф кардааст. Дар ин бора, Нигора Муқимӣ, сардори Раёсати таҳлили хавфҳои фасод ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои фасодии Оҷонсии зиддифасод, имрӯз, 18 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Муқимӣ афзуд, фаъолияти хешутаборӣ дар мансабҳои давлатӣ аз ҳама бештар дар […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар шаш моҳи соли ҷорӣ 37 ҳолати фаъолияти якҷояи хешутаборро дар мансабҳои давлатӣ ошкор ва бартараф кардааст. Дар ин бора, Нигора Муқимӣ, сардори Раёсати таҳлили хавфҳои фасод ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои фасодии Оҷонсии зиддифасод, имрӯз, 18 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Муқимӣ афзуд, фаъолияти хешутаборӣ дар мансабҳои давлатӣ аз ҳама бештар дар соҳаи маориф ва танудрустӣ ба чашм мерасад.

– Аз ҷумла, 14 ҳолати фаъолияти хешутабориро дар соҳаи маориф, 13 ҳолат дар соҳаи тандурустӣ, 3 ҳолат дар вазорати фарҳанг, 2 ҳолат дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 1 ҳолат дар корхонаи “Обу корез” ва 1 ҳолат дар кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва ғайра бартарф карда шудааст, – гуфт номбурда.

Гуфта мешавад, як ҳолати дигар низ дар Вазорати адлия будааст, ки бо дарназардошти тағйири қонунгузорӣ ва таҳти тобеият қарор надоштани чунин мансаб, бартараф нашудааст.

Ошкорсозии 37 мавриди хешутаборбозӣ дар шаш моҳи охир дар ҳоле аст, ки расонаҳо солҳои пеш низ дар мавриди хешутаборчигӣ дар мансабҳои давлатӣ, махсусан мансабҳои калидӣ дар кишвар гузоришҳо нашр мекарданд. Аз ҷумла соли 2019 Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар дода буд, ки 62 ҳолати хешутаборчигӣ дар ниҳодҳои давлатиро ошкор кардааст

Бар асоси моддаи 9-и қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” , шахс наметавонад ба мансабҳои давлатие таъин гардад, ки бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда ба мансабҳое бошад, ки онро хешовандони наздики ӯ ишғол кардаанд.

Тибқи қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” хешовандони наздик – зан, шавҳар, фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан, ё шавҳар, қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне мебошанд, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.