Дар ним сол нафақаи миёна дар кишвар 1 сомониву 17 дирам зиёд шуд

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми нафақаи миёна дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1 сомониву 17 дирам зиёд шуда, 320,09 сомониро ташкил дод. Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ Дилмурод Давлатзода зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод, ки шумори нафақахӯрон дар ин давра 2,2% афзуда, то 1 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми нафақаи миёна дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1 сомониву 17 дирам зиёд шуда, 320,09 сомониро ташкил дод.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ Дилмурод Давлатзода зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод, ки шумори нафақахӯрон дар ин давра 2,2% афзуда, то 1 июл ба 761 ҳазору 312 нафар расид.

"Барои пардохти нафақа давлат ҳар моҳ 253,3 млн сомонӣ маблағ ҷудо мекунад, ки 2,4% ё худ 5,9 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст", – изҳор дошт роҳбари Агентӣ. 

Дар ҳамин ҳол, Дилмурод Давлатзода зикр кард, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба зиёни буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа кор мекунанд.

“Барои ҳар як коргар онҳо ҳар моҳ 10 сомонӣ мегузаронанд, ки нафақаи воқеӣ дар ин ҳолат 16 сомонӣ (1%-и маош ба фонди нафақа меравад) мешавад. Бо сабаби музди меҳнат нагирифтани саҳмиядорони хоҷагиҳо, роҳбарон барои ҳар кадоме аз онҳо ҳар моҳ 10 сомонӣ ба фонди нафақа мегузаронанд, лекин мо ҳуқуқ надорем, ки нафақаи онҳоро камтар аз 207 сомонӣ таъин кунем. Дар натиҷа ҳар як нафақахӯри хоҷагии фермерӣ ба буҷет ҳар моҳ 191 сомонӣ зарар меорад”, – шарҳ дод ӯ.

Бино ба маълумоти Агентӣ, айни замон ҳаҷми нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ тариқи зайл аст:

– дар Душанбе – 429, 15 сомонӣ;

– дар ВМКБ – 406,93 сомонӣ;,

– дар Хатлон – 313,19 сомонӣ;

– дар Суғд – 303,21 сомонӣ;

– дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 299,57 сомонӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.