Доллар дар Тоҷикистон то сатҳи ду соли пеш поин рафт

Беқурбшавии доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ то сатҳи аввали тобистони соли 2020 расид. Тибқи қурби расмии муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), имрӯз, 25 июл 1 доллар 10,2690 сомонӣ нарх дорад. Рӯзи 1 июни соли 2020 низ қурб байни асъорҳо ҳамин таносубро ташкил медод. Ба ин тариқ, қурби доллар нисбат ба сомонӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Беқурбшавии доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ то сатҳи аввали тобистони соли 2020 расид.

Тибқи қурби расмии муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), имрӯз, 25 июл 1 доллар 10,2690 сомонӣ нарх дорад. Рӯзи 1 июни соли 2020 низ қурб байни асъорҳо ҳамин таносубро ташкил медод.

Ба ин тариқ, қурби доллар нисбат ба сомонӣ аз 9 марти соли равон – пас аз тасҳеҳи ахири он аз Ҷониби Бонки миллӣ ба андозаи 21% поин рафт.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад. Бонкҳо аз он барои ивази ба пули нақд истифода намебаранд. Баръакс, БМТ қурби худро, аз ҷумла бар асоси тамоилҳо дар бозори нақдии асъор муқаррар мекунад.

Қурби хариду фурӯши қурби нақд айни замон дар бонкҳои низомсози кишвар тариқи зайл муқаррар шудааст:

 «Амонатбонк» – 10,1 – 10,2;

«Ориёнбонк» – 9,9 – 10,28;

«Бонки Эсхата» – 10 – 10,2 сомонӣ.

Бо рубли Русия чӣ шуд?

Дар ҳамин ҳол, қурби расмии рубли Русия нисбат ба арзи миллӣ дар сатҳи баланди устувор – 0,1705 боқӣ мемонад.

Аз оғози соли равон қурби рубл нисбат ба сомонӣ ба андозаи 13,1% боло рафт.

Қурби хариду фурӯши рубли нақд дар нуқтаҳои мубодилаи асъори “Амонатбонк” дар стаҳи 0,1619-0,1620 сомонӣ, дар “Ориёнбонк” – 0,1659-0,1750 сомонӣ ва дар “Бонки Эсхата” – 0,1705-0,1730 сомонӣ муқаррар шудааст.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбат ба Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб бар асари муноқиша бо Украина, тайи 5 моҳи ахир дар бозори асъори Тоҷикистон тағйирёбии босуръати қурбҳо ба мушоҳида мерасад.

Мутахассисон зикр мекунанд, ки дар натиҷаи аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ба Русия вобаста будани Тоҷикистон аз Русия, сомонӣ дарвоқеъ аз рубл вобастагии зиёд дошта, чӣ гуна ҳолате, ки бо рубл ба амал меояд, баъди муддати муайяне ба пули тоҷикӣ низ ҳамин гуна ҳолат таъсир хоҳад расонид. Беқурбшавии доллару болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон қисман ба камшавии талабот ба доллар ва баръакс, афзоиши талабот ба рубл маънидод мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, 70% қарордодҳои ширкатҳои тоҷикистонии воридкунандаи молу маҳсулот аз Русия ба рубл гузаронида шудаанд. Ин яке аз бандҳои нақшаи зиддибуҳронии ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки нимаи моҳи марти ҳамин сол қабул шуд.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, қариб аз се як ҳиссаи ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон ба молу маҳсулоти Русия рост меояд.

Раиси БДА “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти матбуотии ҳафтаи гузашта изҳор дошт, ки мардум пас аз поин рафтани қурби пули Амрико ба таври оммавӣ пасандозҳои долларии худро ба сомонӣ иваз карданд.

«Онҳо шикоят мекарданд, ки дар бонкҳо долларро дастрас карда наметавонанд, ҳоло изҳори норозигӣ мекунанд, ки дар банкоматҳо сомонӣ нест», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2021 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар фиристодаанд, ки ҳудуди 95%-и ин маблағҳоро рубл ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.