Тағйироти кадрӣ. Раиси ноҳияи Варзобу ректори Донишгоҳи Хоруғ ва муовини вазири нақлиёт нав шуданд

Date:

Имрӯз, 25 июли соли равон, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Дар пайи тағйироти кадрии охир, Маҳмадулло Шерализода, раиси ноҳияи Варзоб аз мақом барканор ва ба ҷои ӯ Шарифхон Сафарзода, муовини акнун собиқи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ раиси ин ноҳия таъин гардид.

Ҳамчунин, бо фармону қарорҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, маориф ва илми кишвар тағйирот сурат гирифт.

Аз ҷумла, бо қарорҳои ҳукумат, Амид Комилбек, ки то ин вақт ба ҳайси ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон фаъолият мекард, ба ҷои Гулзорхон Юсуфзода ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи ба номи Моёншо Назаршоев таъин гардид.

Мавлуда Бойназарзода, ба ҷои Шодигул Қонунзода, директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ» интихоб шуд.

Ҳамчунин, Мадамон Замонзода, аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, Сироҷзода Шуҷоат аз мақоми муовини вазири нақлиёти  Тоҷикистон ва Абдулаҳад Хоҷазода аз вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» озод гардиданд.

Сабаби барканории кадрҳо гузаштан ба кори дигар унвон шудааст.

Ҳамин тариқ, бо қарорҳои дигари ҳукумати кишвар, Фаррух  Неъматзода – муовини вазири нақлиёт, Тағоймурод Ғафурзода – сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, Баҳром Мирзоализода – директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва Қобил Тоҳирзода – муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумат таъин гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон, инчунин кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъиншударо ба ҳузур пазируфта, зимни суҳбат  таъкид кардаст, ки дар фаъолияти хизмати давлатӣ ҷиддӣ, софдилона ва бо ҳисси баланди масъулият муносибат намуда, манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...