Додситонии кулли Русия дархост намудааст, ки ҲНИТ террористӣ эътироф шавад

Додситонии кулли Русия бо дархости террористӣ эътироф шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба додгоҳ муроҷиат намудааст. Дар ин бора Игор Краснов, додситони кулли Русия дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори назар кардааст, хабар медиҳад нашрияи "Коммерсантъ" бо такя ба мақомоти назоратӣ. Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон аз соли 2015 манъ аст. Игор Краснов, […]

Asia-Plus

Додситонии кулли Русия бо дархости террористӣ эътироф шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба додгоҳ муроҷиат намудааст. Дар ин бора Игор Краснов, додситони кулли Русия дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори назар кардааст, хабар медиҳад нашрияи "Коммерсантъ" бо такя ба мақомоти назоратӣ. Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон аз соли 2015 манъ аст.

Игор Краснов, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, хабар додааст, ки Додситонии кулли Русия дархости додситонии кулли Тоҷикистонро дар мавриди террористӣ эътироф намудани баъзе созмонҳо баррасӣ кардааст.

“Нисбат ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мо аллакай ба додгоҳ даъвои дахлдор фиристодем”, – иброз доштааст додситони кулли Русия зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки сомонаи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи  тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин  гурӯҳҳои «хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.

Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат атрофи вазъи мураккаб дар Афғонистон, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ҳамкории мақомоти прокуратураи ду кишвар дар самти   расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ ва истирдоди ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта мубодилаи афкор сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки дар сомонаи президенти Тоҷикистон дар мавриди дар Русия террористӣ эътироф шудани ҲНИТ чизе гуфта нашудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.