Раиси Ҷайҳун: Ноҳия то соли 2024 худкифо мешавад

Ноҳияи Ҷайҳун то соли 2024 аз маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ даст кашида, худкифо хоҳад шуд. Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун зимни нишасти матбуотӣ, рӯзи 27 июл ваъда дод, ки ноҳияро то соли 2024 ба як ноҳияи худкифо табдил медиҳад. “Мо дар доираи нақшачорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ният дорем, дар ноҳия як парки технологии саноатӣ бисозем. […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ноҳияи Ҷайҳун то соли 2024 аз маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ даст кашида, худкифо хоҳад шуд.

Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун зимни нишасти матбуотӣ, рӯзи 27 июл ваъда дод, ки ноҳияро то соли 2024 ба як ноҳияи худкифо табдил медиҳад.

“Мо дар доираи нақшачорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ният дорем, дар ноҳия як парки технологии саноатӣ бисозем. Дар дохили ин парк 10-12 корхонаи саноатӣ сохта мешавад. Ноҳияи Ҷайҳун яке аз истеҳсолкунандагони асосии маҳсулоти кишоварзӣ аст ва дар ин замина бояд корхонаҳои саноатӣ сохта шавад. Ҳамчунин, чанд корхонаю коргоҳҳои хурди саноатӣ ба истифода дода мешавад. Аз ин ҳисоб мо то соли 2024 ноҳияро ба як ноҳияи худкифо табдил медиҳем ва аз маблағҳои мақсадноке, ки аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ба ноҳия ҷудо мешавад, даст мекашем”, – гуфт раиси ноҳия.

Айни замон дар соли 2022 маблағҳои даромади худи ноҳия 41,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин 55,4 % қисми хароҷоти буҷаи ноҳияро ташкил медиҳад.  

Ҳамчунин, барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷаи ноҳия аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ 25,6 миллион сомонӣ ё 34% қисми хароҷот ва аз ҳисоби буҷаи вилоят 7,3 миллион ё 9,7% қисми хароҷоти буҷаашонро мегиранд.

Аз маълумот бармеояд, ки ноҳияро зарур аст, ки барои худкифо шудан бояд бе назардошти зиёдшавии музди меҳнат ва қисми хароҷоти буҷаи ноҳия дар ду соли оянда 32,9 миллион сомонии иловагӣ пайдо кунанд.

Бояд гуфт, ки дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 5 шаҳру ноҳия, Бохтар, Левакант, Норак, Данғара ва Ёвон худкифо мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.