Роҳи автомобилгарди Рӯдакӣ-Ёвон-Ҷомӣ таҷдид мешавад

Соли 2023 таҷдиду бозсозии шоҳроҳи Рӯдакӣ-Ёвон-Ҷомӣ оғоз мешавад. Дар ин бора Ҷамшед Саидзода, раиси ноҳияи Ёвон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. "Аз Вазорати нақлиёт ба мо хабар доданд, ки соли 2023 таҷдиди ин роҳ, ки 79 км ташкил медиҳад, оғоз мегардад"- гуфт раиси ноҳия. Раҷабалӣ Муродов, сардори хоҷагии идораи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ёвон хабар […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Соли 2023 таҷдиду бозсозии шоҳроҳи Рӯдакӣ-Ёвон-Ҷомӣ оғоз мешавад. Дар ин бора Ҷамшед Саидзода, раиси ноҳияи Ёвон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

"Аз Вазорати нақлиёт ба мо хабар доданд, ки соли 2023 таҷдиди ин роҳ, ки 79 км ташкил медиҳад, оғоз мегардад"- гуфт раиси ноҳия.

Раҷабалӣ Муродов, сардори хоҷагии идораи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ёвон хабар дод, ки маблағи марҳалаи  аввали ин роҳ 15,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

"Таҷдиди ин шоҳроҳ дар се марҳала амалӣ мешавад. Аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ як шохаи ин шоҳроҳ то ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон мерасад ва шохаи дигари он то шаҳри Левакант бурда мешавад"- гуфт Раҷабалӣ Муродов.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.