Вазири корҳои хориҷии Чин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Date:

Шоми рӯзи 31 июл узви Шӯрои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе меҳмони олимақомро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим пешвоз гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад, интизор меравад, ки имрӯз дар доираи сафар Ван Иро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷусмҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҳузур пазиранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Зики мегардад, ки ҳамчунин мулоқоти ӯ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар назар аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қобили зикр аст, ки то сафар ба Тоҷикистон Ван И аз кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон боздид намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related