Олимпиадаи шоҳмот: Тоҷикистон ғайриинтизор дастаи Қазоқистонро шикаст дод

Дар даври дуюми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон ҷараён дорад, дастаи мунтахаби мардони Тоҷикистон ғайриинтизор бар дастаи Қазоқистон ғолиб омад. Шоҳмотбозони тоҷик тими Қазоқистонро, ки аз як гроссмейстер ва се устодон иборат буд, бо ҳисоби 2,5:1,5 шикаст дод. Ба ин тариқ, мунтахаби мардони Тоҷикистон аз 2 холи имконпазир 2 хол ба даст […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар даври дуюми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон ҷараён дорад, дастаи мунтахаби мардони Тоҷикистон ғайриинтизор бар дастаи Қазоқистон ғолиб омад.

Шоҳмотбозони тоҷик тими Қазоқистонро, ки аз як гроссмейстер ва се устодон иборат буд, бо ҳисоби 2,5:1,5 шикаст дод.

Ба ин тариқ, мунтахаби мардони Тоҷикистон аз 2 холи имконпазир 2 хол ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа дар сафи пешсафон аст. Дар давраи навбатӣ Тоҷикистон бо тими Словакия рақобат мекунад.

Мутаассифона, мунтахаби занони Тоҷикистон дар даври дуюм низ пайиҳам ба шикаст дучор мешавад. Ин дафъа занони тоҷик аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд. Имрӯз онҳо бо дастаи Арабистони Саудӣ, ки тибқи рейтинги ФИДЕ дар зинаҳои поин аст, бозӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.