Роҳандозии содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин дар мулоқоти президент бо Ван И

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин ва вазъи кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора Хадамоти матбуотии роҳбари давлат хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки мулоқоти онҳо имрӯз, 1 август сурат гирифт ва Эмомалӣ Раҳмон рушди […]

Манзума Фирӯз,Asia-Plus

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин ва вазъи кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора Хадамоти матбуотии роҳбари давлат хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки мулоқоти онҳо имрӯз, 1 август сурат гирифт ва Эмомалӣ Раҳмон рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ҳарду кишварро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид кард.

«Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик буда, мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи бисёрҷанбаи ду кишвар дар ҳама шаклҳо ҳавасмандем», – менависад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ҳамчунин, ҷонибҳо роҳҳои рушди минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, «технологияҳои сабз» ва нақлиёт, аз ҷумла роҳандозии содироти маҳсулоти Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои Чин баррасӣ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои ҷудо намудани вояҳои нави ваксина бар зидди бемории сироятии коронавирус изҳори миннатдорӣ кардааст.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои муборизаи минбаъдаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, киберҷиноят ва дигар таҳдидҳои амниятӣ низ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо, инчунин, дар робита ба вазъи кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он низ мубодилаи афкор намуданд.

– Бояд гуфт, ки зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар сиғаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷонибҳо ба ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла, рӯзномаи ҷаласаи қарибулвуқӯи сарони давлатҳои ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, – менависад хадамоти матбуотӣ.

Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 31 июл Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин баъди сафари расмӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.